Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят, Насим рақси худро тамом карда, ба рӯи остона нишаст.
— Хӯб мерақсидай, — гуфт Макрушев ки мехост акнун навъе карда аз сӯҳбати девона хушӣ ба хушӣ ҷудо шаваду ба кори худ биравад.
Аммо Насим боз ба гап даромад.
— Ман директори ҳамин ресторан ҳастам, — мегуфт ӯ. — Маро дар чанд ҷой дошта, ҳошакалло раиси колхоз мешавӣ гуфтанд. Ман не гуфтам. Ман аз раисӣ безор. Ман директор шудам... Дар ин ҷо Лизаи ҷонон кор мекунад. Лизаҷон, марҷони ман.

Макрушев дигар шубҳае надошт, ки Насими бечора тамоман нокисулақл аст. Аммо аз рӯи қоида, ба касалхонаи беморони рӯҳӣ рафта, ба ин бори дигар боварӣ ҳосил кардан лозим буд.
Макрушев ба касалхона омад. Ба ӯ варақаи бемории Насимро ёфта доданд. Вай аз деҳаи Баландтеппаи канори наҳри Шӯрсу будааст. Синнаш — бисту ҳафтсола. Собиқ касбу кораш — деҳқонӣ, аъзои колхоз. Миллаташ — тоҷик. Ду сол муқаддам аз дарахт афтода, майнааш сахт лат хӯрда, ба ин беморӣ гирифтор шудааст.

Мувофиқи тартибе ки сардухтури касалхона профессор Чуприн ҷорӣ кардааст, ба варақаи шахсии беморон яктоӣ сурати онҳо часпонида шуда буд. Макрушев ба сурати Насим нигоҳ карда, дафъаи дигар боварӣ ҳосил намуд, ки ин маҳз ҳамон ҷавони шӯрбахт аст, тафовут танҳо дар ин аст, ки ӯ ду сол қабл аз ин андаке лоғартар будааст.

Ҳаво бағоят гарм. Аз нурҳои сӯзони офтоб асфальти кӯча мисли хамир нарм шудааст. Суриков аз канори кӯча ғарқи хаёлу андешаи худ оҳиста-оҳиста қадам мезад.
Кори ӯ имрӯз пагоҳӣ аввал як барор гирифту баъд боз муаммои сахте ба миён омада, садди роҳ шуд. Суриков ба осонӣ муайян кард, ки шахси ношинос — соҳиби ҷамадони ғилофдор аз вокзал баромада, бо таксӣ ба кӯчаи Ботаникӣ, ба назди бинои нави калони аркдор омадааст. Баъди ним соат вай боз дар майдони

пешина
аз 102
навбатӣ