Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

талаб кард (ӯ фикри худро возеҳтар фаҳмониданӣ шуда, гулӯяшро хорида монд).
Чеҳраи Насим андаке кушода шуд. Ӯ қисман бо имову ишора ва қисман бо калимаҳои вайрони русӣ изҳор намуд, ки Лиза духтари зебоест ва аз они Насим мебошад.
— Бале, бале, — сухани ӯро қувват дод лейтенант, — Лиза марҷони хуб аст.
Дар ин лаҳза боз қавоқи Насим овезон шуд. Вай ба мӯйлаби худ ишора намуда, баъд бо ҳаракати дастонаш марди навҷаеро тасвир карда фаҳмонид, ки ҳамин гуна як одами қаддароз рақиби ӯст ва қасд дорад ба Лизаи ӯ офате расонад. Сонӣ нақл кард, ки боре ин марди навҷаро боб карда, аз ресторан ронда буд ва ӯ дигар ба ин тарафҳо наздик намешавад, агар мабодо омада монад ҳам, Насим албатта ҷазои ӯро хоҳад дод.

Макрушев низ гоҳ бо сухану гоҳ бо ишора ба Насим изҳори ҳамдардӣ мекард. Дар охир ӯ фаҳмонид, ки Насим он шахсро аз ин ҷо ронда кори хуб кардааст ва агар минбаъд он одам ба ин тарафҳо ояд, ӯ низ ба Насим барои ронданаш кӯмак хоҳад кард.
Инро шунида девона беҳад шод шуд. Бо дасти чиркин рӯи ҳамсӯҳбаташро як сила карду ба китфаш навозишкорона зада монд, сонӣ чунон баланд қоҳ-қоҳ зада хандид, ки Макрушев як қад парида, ба атрофаш ҳиҷолатмандона нигоҳ карда монд.
Насим аз замин тӯппиашро бардошта, ба Макрушев бо зӯрӣ аз помидорҳои худ яктоашро инъом кард.
ПАС аз он оҳангеро зери лаб замзамакунон дар як даст тӯппии пур аз помидор ба рақс даромад.

Рақси ногаҳонии ин маҷнун як чизи ҳам хандаовар буду ҳам хузнангез. Вай обҳои даҳонашро пош дода, бо ҳарорат чизеро месупурд, ба мақоми ашӯлаи худ сар ҷунбонида, пой кӯфта ва ангуштони дасти холиашро бо маҳорати аҷибе қирсас занонда мераксид. Дар тани ӯ майкаи сафед ва шими катонии тираранг, дар пояш туфлии сафеди латтагин буд, ки ҳамаи инҳо аз обу тухми помидор, аз сиёҳии дег ва ангишт, аз равғану рангу хоку лой доғҳои калон-калони рангоранг доштанд.

Ба саҳ. 58.

пешина
аз 102
навбатӣ