Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ба рафтор ва ҳаракатҳои официантка бештар диққат додан гирифт.
Қомилов мехост, ки шавҳари Лиза Сечкинаро худи ҳозир дастгир намояд. Лекин, мутаассифона, ба ин кор аввал рухсат гирифтан лозим аст. Хайр, чӣ илоҷ? Ақаллан худи ин шахсро дида, нағзакак шинохта гирифтан зарур.
Алиҷон ҳуҷҷати инспектори идораи электр дар киса ба кофтукови ҳавлии рақами ҳафдаҳи кӯчаи Шарқ даромад. Ин ҳавлиро муддати дарозе ҷустуҷӯ намуда, хеле овора шуд. Хайрият, як хаткашон кӯмак кард. Маълум шуд, ки ин ҳавлӣ дар дарунтари гузар буда, роҳаш ба воситаи ҳавлии рақами понздаҳ будааст. Комилов аз пайраҳаи хиштфарш аз байни қатори гулбуттаҳо гузашта, ба даричае ки дар пешгоҳи ҳавлии берун буд, расид. Баробари дарро кӯфтанаш саги бузурге занҷири худро шақарросзанон ба аккос задан даромад.
Ниҳоят, соҳиби хона ба сагаш пӯписа карда, онро ором кунонид ва омада дарро кушод. Вай ҷавони навҷавони логаре буда, рӯи сафеду мӯи малла дошт.
— Ман аз идораи электр,— гуфт Комилов ҳуҷҷати худро ба ӯ дароз кард.
— Марҳамат, дароед,— гуфт ҷавон ва худро канор гирифта, ба Комилов роҳ дод. Дар пешонии соҳиби хона доғи кӯҳнаи ҷароҳат намудор буд. Мушаки бари чапи рӯяш ба тарзи базӯр аёншаванда мепарид. Доғи пешонӣ, чашмони сернам, манаҳи борики ӯ ба Алиҷон ким-чӣ хел шубҳаангез намуд.
— Соҳиби хона шумоед?
— Не,— ҷавоб дод ҷавони навҷавон.— Ман ба қарибӣ омадам.
— Ҳамту гӯед... Ба пеши хешовандонатон омадагистед-дия?
Ҷавон ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд.
— Ба муддати зиёд омадед?
Соҳиби хона китф дарҳам кашида, ҷавоби муғлаке дод.
— Аз ягон ҷои дур омадед? Агар махфӣ набошад...
— Чаро махфӣ мешудааст,— гуфт бо дили нохохам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё