Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
«ороиши» шипангро ғундошта гирифтанд. Аз ҳамон вақт ин ҷониб моҳонаашро ба дасти худи Насим намедиҳанд.
Мария Филипповна дар охири нақлаш бори дигар аз бадбахтии Насим ҷиннӣ афсӯсу надомат изҳор намуд...
Мудири буфет Айрапетянц одами аёлманд буда, доимо бо кору бор ва ғами рӯзгори худ банд аст. Вай дар як гӯшаи шаҳр ҳавлии калоне сохта, тинҷ рӯз мегузаронад. Мудири буфет бисёр хурсанд аст, ки писарчааш ҳам дар мактаби миёна мехонад, ҳам дар омӯзишгоҳи мусиқӣ таълим мегирад.
Лиза Сечкина як духтараки оддист, ӯ соли гузашта аз Красноводск омада буд. Духтари хушмуомила, чолок ва чашмикордон. Ба қарибӣ аз Красноводск номзадаш омад. Вай ҳам ҷавони хоксор ва ҳалим аст. Афту андомаш? Ҷавони оддии сафедрӯй, навча ва лоғар.
Ба ресторан фақат як бор омада буд. Шарм медорад, аз афташ. Ҳамроҳи Лиза иҷора менишинанд.
«Хонаи арӯсам мемонам» — ҳамин ибораи кодограмма барқвор ба хотири Комилов расид ва лейтенант дарҳол хулоса баровард: марди «манорқад» бешубҳа ҳамин «домоди» навча аст.
Комилов аз Мария Филипповна қавл гирифт, ки аз ин мусоҳиба ба касе даҳон нахоҳад кушод. Ба назари Комилов чунин мерасид, ки мудири буфет ва Насимҷинниро дигар аз шубҳа озод доштан мумкин аст.
Лейтенант мехост, ки меҳмони аз Красноводск омадаро ҳарчи зудтар дида, башараи ҳақиқии ӯро ошкор намояд.
Комилов ба шипанг баромад, ба назди буфет омада, аз Айрапетянц хоҳиш намуд, ки оби хунук бидиҳад. Мудири буфет аз яхдон як шишаи рӯяш қирав бастаро бароварда, даҳонашро кушод ва ба лейтенант дароз кард. Комилов обро нӯшида ва пули онро дода, ба тарафи баромадгоҳ равон шуд.
Вақте ки аз наздикии Макрушев мегузашт, номаълум карда ба ӯ якчанд калима гуфт. Макрушев дар
ҷавоб чизе нагуфт зеро ӯ мешуниду рӯяш ба дигар
тараф буд. Аммо баъди баромада рафтани Алиҷон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё