Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дақиқае фикр карда истоду ба изҳори мулоҳизаи худ шурӯъ намуд:

— Ба шаҳри мо дар ҳамин қарибӣ касе омадааст. Шояд ин ҳамон йигити «маноркад» ё чӣ тавре ки худаш мегӯяд, «Чиян» бошад.

Сафаров бо нигоҳ ва ишораи сар мулоҳизаҳои Алиҷонро қувват дод.

— «Ин ҷо тинчист» мегӯяд, ин ибора эҳтимол ба аҳволи шариконаш дахл дошта бошад. «Арӯс»-аш бешубҳа ёрдамчиаш аст. «Истироҳат сар шуд» мегӯяд, — дар ин ҷо Комилов шарҳи худро давом дода натавониста, каме лаб фурӯ баст.

— Гап занед, гап задан гиред, мулоҳизаатон дуруст, — табассумкунон гуфт Сафаров.

— Истироҳатро сар карданаш... шояд чизеро мунтазир шуда, ҳанӯз ба кор надаромада бошад.

— Баръакс, — гуфт Суриков, — маънои ин гапаш ҳамин, ки ба кор шурӯъ кардааст.

— Дуруст, — тасдиқ намуд Сафаров. — Ин найранги дерина аст.

Комилов ҳичил шуда буд.

— Хайр, ҳеҷ гап нест, суханатонро давом диҳед, Комилов.

— «Тағо» ва «Депутат» низ лақаби ҷосусон аст. Ва ин гапи Алиҷон касе эътироз nakapd. Ва ӯ аз ин ҳол қувват гирифта суханашро боэътимод давом дод.

— «Кӯмак мекунад»... Яъне «Депутат» ваъда додааст, ки ёрманди расонад. Аз ин мебарояд, ки вазифаашон бисёр мураккаб аст ва як кас аз ӯҳдаи иҷрои он намебарояд. — Алиҷон нафасашро рост гирифта илова намуд: — Лекин, рафиқ майор, ман дуруст нафаҳмидам, ки «Рӯзи сейӯм вомехӯрем» гуфтанаш чӣ маъно дошта бошад.

— Э, ин ҳам осон, — даст афшонда гуфт Суриков. — Дар ҳар се рӯз як бор алоқа бастанианд.

— Фикри шумоён чист? — гӯён майор ба офицерони дигар муроҷиат кард.

— Дуруст, — аз ҷониби ҳама ҷавоб дод Чобиров.

— Ҳӯш, гуфтан мумкин аст, ки «Чиян» ва одами навча ҳар ду як кас мебошанд. Шумо, Суриков, аз паи ҳамин кас шавед.

пешина
аз 102
навбатӣ