Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Мошинҳои номбурдааш то рӯзи истироҳат омада ангишт мегиранд... Фаҳмидед?
— Осуда бошед, фаҳмидам.
Меҳмон аз ҷайби худ чизи сиёҳи шалғамшаклро бароварда ба мӯйсафед дароз кард.
— Ин боз чия баччеш! — бо хавотир пурсид пирамард.
— Дида истодаед-ку: ангишт! — гуфт меҳмон ва аз чашмонаш оташи қаҳр берун ҷаст.— Шумо вақтҳои охир бисёр майдагап шудаед, ҳар гапро «шикану мағзаша бин» карда мегардед... Мегӯянд, ки майнӯшӣ ҳам зиёд шудааст. Эҳтиёт шавед, агар аз кор пеш кунанд, дигар ба касе лозим намешавед. Мо аз одами лаққӣ чӣ хел халос шуданамонро нағз медонем!
Меҳмон ҷумлаи охиринро бо чунон хашм ва қатъият гуфт, ки пирамард аз тарс ақиб рафта ба девор такя намуд ва сари ларзонашро боз дарунтар кашид, гӯё метарсид, ки худи ҳамин дақиқа ба сараш мушту лагад меборад. Аммо «чиян» ҳаракати беҷо накард.
— Гиред! — гуфт ӯ.
Пирамард он чизи сиёҳи вазнин ва сардро ба рӯи кафаш гирифта сахт ларзид.
— Ана ҷасорату ана имону, — тамасхуромез гуфт меҳмон.— Аз чӣ метарсед? Ин чиз ҳоло фақат ангиштпораасту бас. Яъне, то рӯзи душанбе.
«Имрӯз панҷшанбе, хайрият...» — дарҳол аз дил гузаронд пирамард ва бо хавотир пурсид:
— Арӯс албатта меояд-а?
— Шумо пагоҳ то кадом вақт навбатдорӣ мекунед?— ба ҷои ҷавоб додан пурсид меҳмон.
— То пешин.
— Хӯб, вай ҳам то пешин меояд.
Меҳмон чамадонашро бардошта аз дар баромад. Ҳаво гӯё боз ҳам ториқтар шуда буд. Мард ҳатто хайрухуш накарда, дар торикӣ ғоиб шуда рафт.
Пирамард ғалакаи дарро гузаронда, бо сари хам ба назди кати худ омад. Дақиқае рост истода фикр кард ва ниҳоят чизи дар дасташ бударо ба даруни печка пинҳон намуд. Бо хотири мушавваш ба сари кат омада кампалро бардошт.
Дар зери кампал як даста пул мехобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё