Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳамчунон озодона ва бо қиёфаи бепарвоёна бардошта ба он кӯча баромад. Муддате аз канори кӯча қадам зада, баъд ба автобус савор шуду тақрибан се километраҳ паймуда, аз автобус фаромад ва боз ба таксӣ савор шуд.

Марди ношинос ба канори дигари вокзал баргашта аз таксӣ фаромад ва ба сӯи анборҳои молфарории стансия равон шуд. Аз дур боми айвонҳои дарози ғалла, тарҳи тӯдаҳои баланди нуриҳои маъданӣ, ангиштсанг, ғарамҳои чӯбу тахта менамуд.

Ҳаво торик буд. Шуои прожекторҳои пурзӯри вокзал ба ин ҷо намерасид. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо чароғҳои хурд-хурди электр фурӯзон бошад ҳам, атрофи симчӯбҳоро базӯр равшан мекард. Марди ношинос аз вокзали мунаввар ҳар қадар дуртар равад, қадаммониаш ҳамон қадар осуда ва оромтар мегардид.

Баногоҳ ӯ гашти худро суст намуд ва номаълум карда, атрофашро аз назар гузаронид. Аз синааш беихтиёр оҳи сабуке баромад. Ӯро касе таъқиб намекард.

Мана девори анбори ангиштсанг. Дар паҳлӯи дарвозаи шалақи анбор кулбаи хурдакаки фасурда. Даруни кулба торик, маълум мешавад, ки соҳибаш мунтазир аст, далерона даромадан мумкин.

— Кист дар он ҷо? — ҷавоб дод овози хиррӣ ба тик-тики дар.

— Ин ман, тағо, ҷиянатон.

— Дар ин бевақтӣ?

— Чӣ илоҷ, тағо, корубори рӯзгор, зиндагӣ...

Кулба равшан шуд. Дар рӯ ба рӯи меҳмон пирмарди қоматҳамидаи пажмурдарӯй меистод. Дасту поҳои ӯ андаке меларзиданд. Чеҳраи сероҷинғаш ба хотири кас пӯчоқи чормағз, риши сираки хокистаррангаш хори хушки янтоқро мерасонд. Чашмони тезҳаракату сероби мӯйсафед хушомадгӯёна милтос мезаданд.

Тамоми ҷиҳози кулба аз кати оҳанину кӯрпачаҳои чиркин, чойники тунукаи сиёҳ, дегча, косаю табак, милтиқи кӯҳнаи кулангдори шикорӣ иборат буд. Дар як гӯша печкаи чӯяни бо ғӯлачӯбҳои гундошта шудааш

пешина
аз 102
навбатӣ