Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Боз чӣ мехонӣ? Порсола, — оташин шуда гуфт Пётр Степанович — ягон бор ба дилам рафта, хур- санд накардӣ, накардӣ-дия.
— Илоҷ набошад, чӣ кунам? — бо зарда гуфт му- дири гараж.
— Дар ихтиёрат ҳамин қадар мошин дорию боз чӣ гуна илоҷ даркор ба ту?
— Шаштоаш дар таъмир. Дигарашро худатон ме- донед, бекор намондааст.
— Хайр, ин чӣ? — гуфта самосвали навро нишон дод Бевзюк.
— Ҳоло шофер надорад.
— Агар хоҳед, ман ба ангишт меравам, — гуфт ба- нохост Шавкат.
— Э, ғайратат калон-ку? — гуфт Бевзюк.
— Хайр, чӣ, даркор шавад рафтан мегирам-дия!
Пётр Степанович хурсанд шуда гуфт:
— Майдаш. Бирав. Пагоҳ «газик»-ат лозим нест. Агар даркор шавад, ягон илоҷ мекунем.
— Набошад, пагоҳ саҳарӣ биё, номери мошинро медиҳам, роҳхат ҳам менависам, — гуфт мудири га- раж ба Шавкат.
Қапитан Шавкатро ба як сӯ ҷеғ зада, ба вай як- чанд савол дод. Шавкат низ тасдиқ намуд, ки марҳум Воҳидакаро ду-се бор ба шаҳр бурда овардааст. Кас- сир аксаран дар чорраҳаи кӯчаҳои Пушкин ва Айнӣ аз мошин мефаромад.
Ҷобиров баёноти Восеев ва шоферонро муқоиса карда, ба ҳамин қарор омад, ки хизматчиёни ресто- ранро санҷидан лозим аст.

МЕҲМОНИ БЕМАҲАЛ

Вокзали шаҳр серодам буд. Поезди Маскав нава- как омада буд ва ҳоло гурӯҳе аз поезд фаромада, ба майдони назди вокзал мешитофт, гурӯҳе саросема ба сӯи вагонҳо метохт.
Як марди қаддарози қокина, ки синнаш тақрибан ба сӣ-сию ду расида буд, низ шитобон аз дари панҷа- рагии перрон берун омада, ба тарафи камераи чизни- гоҳдорӣ роҳ пеш гирифт.

пешина
аз 102
навбатӣ