Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

коре ки барои он ин қадар машаққат кашида буданд, гӯё бе ҳеҷ меҳнате буд мешаваду мемонад.

Восев аз шодмонӣ чӣ кор карданашро намедонист. Вай мехост, ки зуд ба кон рафта, хулосаи худро ба шарикаш баён кунад, ҳар ду онро дар таҷриба санҷида бинанд. Аммо ин мумкин набуд, ӯ мебоист ақалан боз ду рӯзи дигар дар шаҳр монда, корҳои худро анҷом медод. Охир барои ихтирооти нав шуда, кори имрӯзаи конро ба ҳоли худ гузоштан мумкин набуд.

Восев ана дар ҳамин вазъият буд, ки Воҳид Собиров рӯ ба рӯ омада монд. Онҳо дар пеши ресторан ба ҳам дучор омаданд ва барои хӯрокхӯрӣ ба шипанги тобистонаи он рафтанд. Дар пешгоҳи шипанг, дар қарибии буфет нишастанд. Ғайр аз онҳо дар шипанг боз панҷ-шаш нафари дигар буд, вале дигарон аз Восеву ҷӯрааш дур менишастанд.

Дар вақти таом Восев баногоҳ қарор дод, ки мулоҳизаҳои худро навишта, ба воситаи ҷӯрааш ба кон ба инженер Боронов бифиристад.

— Биё, камтар менӯшем, — таклиф мекард ӯ ба ҷӯрааш, — ман имрӯз чунон хурсанд, ки мондан гир. Медонӣ чӣ шуд? Он чизе ки ману Боронов чандин моҳ инҷониб ҷустуҷӯяш мекардем, ҳамин рӯз ёфт шуд. Ин ихтироот бисёр олиҷаноб аст. Мефаҳмӣ, маҳсули кори таҷҳизот қариб се баробар меафзояд! Магар ин табаддулоти бузург нест?

Восев бо шавқ ҳарф мезад, вале хотири рафиқаш парешон буд. Инро пай бурда Восев ранҷидагӣ барин шуд. Собиров узр хоста гуфт, ки андаке нотоб аст ва ҳушаш беихтиёр парешон мешавад.

— Хайр, мактуби маро мебарӣ? — такроран пурсид Восев.

— Мебарам.

— Набошад, гӯш кун. Пагоҳ, ки барои пул омадӣ ба назди ман як даро, ё агар фурсат танг бошад, телефон кун. Хуб? Ман хатро навишта тайёр карда мемонам.

Аммо чӣ шуд, ки то рӯзи дигар Восев аз қарори худ баргашт, мактуб нанавишт ва боз як рӯзи дигар сабр карданӣ шуд.

пешина
аз 102
навбатӣ