Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ҳам беному нишон ғоиб шуд. Эҳтимол вай аз масъулият тарсида гурехта бошад. Охир ба назди ӯ барои саргузаронии меҳмонони хориҷӣ биёянду яке аз онҳо ба дарё ғарк шавад! Магар ин гапи каму андак аст?
Аввалҳо ҷангалбони куҳансолро ғаркшуда пиндошта, дарёро хуб «такурӯ» намуданд. Вале чун аз дарё нишонааш ёфт нашуд, ба гумони он ки пирамард аз тарс гурехтааст, фармуданд, ки дар сар то сари мамлакат кофтуков эълон карда шавад.
Моҳҳо гузаштанд, Василий Васильевич Качанов ҳамон ёфт намешуд. Ба дили баъзеҳо шубҳае роҳ ёфт, ки рафту ҷасади хоним Элен ба тобут андохта бурдагӣ ҷасади Оливер Билдинг набошад?
ГУМОН
Қомилов ба хонааш даромада, куртаю шими сафеди шоҳиашро пӯшид. Маълум буд, ки имрӯз ҳаво хеле гарм мешавад.
Дар кӯча ба ӯ қариб дар ҳар қадам шиносу дӯстонаш рӯ ба рӯ меомаданд. Аввал бо муаллимаш, зани солхӯрдаи хандончеҳрае, ки хоксорона либос пӯшида буд, рӯ ба рӯ омад. Вақте ки Алиҷон дар маҳаллаи кӯҳна истиқомат мекард, муаллимаш ҳамсоя буд. Ҳоло муаллима дар ҳавлии нави назди почта зиндагонӣ мекунаду Алиҷон бо занаш дар иморати нави пеши бозори колхозӣ. Аз рӯзи кӯчиданашон ин ҷониб рафтуомад кам шудааст. Бинобар ин Алиҷон бо оҳанги гилаомез гуфт:
— Ба хонаи мо дигар наомадед-а, муаллима?
— Меоям, Алиҷон, албатта меоям. Ман умед доштам, ки таътили бачаҳо сар шавад, кор сабуктар мешавад, якта-нимта ёру дӯстро мебинам. Баръакс шуданашро бин, ҳамин рӯзҳо чунон серқорам, ки мондан гир...
— А-а, — эътирозомез мад кашида гуфт Алиҷон, — кор баҳона муаллима, худатон моро фаромӯш кардаед.
— Не, не! Чаро фаромӯш мекардаам? Ин хел нагӯй. Шумо якто фарзандам қаторӣ. Лекин қарсак аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё