Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

расондани нест. Азбаски Чек дар байни ҳамкасбоҳои худ мутахассиси Россия ҳисоб меёфт ва забони русиро ҳам чалаю нимкора медонист, онҳо бе тарҷумони махсус ба сайри Волга баромаданд.

Бо киштӣ то Аштархон фаромаданд. Ҳар чиро, ки мехостанд, бо чашми худ диданд. Баъд қарор доданд, ки акнун аз шаҳрҳои калон дуртар раванд, ба музофотҳо баромада бо зиндагонии мардуми канораҳо шиносо шаванд.

Дар як бешазори на чандон калони соҳили дарё хеле саёҳат карданд, бо ҷангалбон Василий Васильевич Качанов шинос шуданд. Шабро дар қаровулхонаи беша гузарониданд. Элен, ки бисёр пиёда гашта, монда шуда буд, то чоштгоҳ аз хоб нахест. Шавҳараш ва Чек бомдодон бархеста ҳамроҳи соҳиби хона ба моҳидорӣ рафтанд.

Мусибат ба сари хоними ҷавон ана ҳамон рӯз омад.

Элен як вақт бедор шуд, ки касе аз дасти ӯ дошта, мечунбонад. Ҷавонзан аввал он одамро шавҳари худ пиндошта, қариб буд, ки хобу хоболуд ӯро оғӯш кунад. Вале ногоҳ хушёр шуда дид, ки дар наздаш Чек Свифт истодааст. Аз сару либоси лойолуди ӯ об мечакид, мӯйсараш парешону пахмоқ буд, дасту рӯяш харошида ва ханҷоршуда.

— Чӣ гап? Чӣ шуд? — ҳаросон пурсид хоним.

Свифт аз ҳаяҷон забонаш гирифта, бо як машаққат хабар дод, ки Оливер ба дарё ғарк шуд... Василий Васильевич ба кофтукови ӯ рафта буд, ҳанӯз барнагаштааст. Аз афти кор, ҷараёни об Оливерро ба ҷои дур бурдааст. Чек ҳам то ҷон дар рамақ дошт, кофтуков кард, аммо бенатиҷа.

пешина
аз 102
навбатӣ