Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ҳоло хулку атвору кордории ин гуна махлуқҳоро тадриҷан фаҳмида мегиред... Ба ҳамин тариқ, онҳо ба мошин наздик мешаванд ва шояд яке аз онон ба шофёр дар хусуси ҳодисаҳои ногаҳонии сафар як-ду сухани ҳазломез гуфта, бо онҳо ба гуфтугӯ даромада бошад. Халтаи пулдори кассир дар болои мошин буд ва Собиров ба ҳар эҳтимол қарор медиҳад, ки ба ҷояш даромада нишинад. Вақте ки ӯ ақибашро гардонда, акнун пояшро мебардорад, яке аз қотилон ба тахтапушташ корд мезанад (доги хун ба қаноти рости мошин ана дар ҳамин вақт афтодааст). Шофер Пашенин ин ҳолро дида, албатта, ҷаста аз ҷояш мехезад ва ба ёрии кассир мешитобад. Вале қотилон ба ин кор пешакӣ ва басо пухта тайёрӣ дидаанд. Онҳо бо чизи вазнине ба сари ӯ мекубанд.
— Аз куҷо медонед, ки ӯ ба ёрии кассир шитофтааст? — изҳори шубҳа кард Комилов.
Майор порчаи матои осмонирангро нишон дода гуфт:
— Ба ин латтапора нигаред. Аз остини шахси беруна канда гирифта шудааст. Ин хел чок ва ин гуна зеҳ фақат дар остин мешавад. Ин як. Дуюм ин ки порчаи остинро маҳз шофёр канда гирифтааст. Дар рӯи матоъ нақши дасти равғанолуди шофёр менамояд. Бешубҳа, дар байни ӯ ва ҷинояткорон чанд лаҳза кашкаш ва талош ҳам шудааст, аммо, чи тавре ки мебинед, бо фоҷиа анҷом ёфтааст... Ҷинояткорон баъди ҳалок кардани соҳибони автомобиль худи онро низ ба ҷарӣ тела медиҳанд.
— Пул бекамукост мондааст. Пас, барои чӣ ду касро куштаанд?
— Эҳтимол, кассир ҳамроҳи худ ягон ҳуҷҷати муҳиммеро низ ба кон мебурд... Ягон ҳуҷҷати ба кори кон алоқаманд. Дар ҳақиқат, ҳоло мо намедонем, ки ӯ ба кон чиҳо мебурд.
— Хайр, охир чаро пулро нагирифтаанд? Ман ҳайрон. Ҳамин хел ҷинояткори гӯл ҳам мешудааст, ки аз пули тайёр рӯй мегардондааст! — мегуфт Комилов. — Фарз кардем, мақсади қотилон дигар буд. Пас чаро пулро қасдан нагирифтанд, то ки ба ҳамин восита асли мақсади худро рӯйпӯш кунанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё