Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Шумо ягон мулоҳиза доред? — пурсид майор аз Комилов.
— Ба фикри ман,—гуфт лейтенант баъди муддате тавакқуф карда истодан,— фалокат бо айби шофёр сар задааст. Эҳтимол, мошинро бисёр тез меронд.
— Хӯш, ин тавр бошад, чаро ҷасади одамон ба як ҷо афтодаасту мошин ба ҷои дигар?
— Тахмин, вақте ки мошин бори якум муаллақ мезанад, одамон аз дарунаш афтода, ба ин тараф ғелидаанд.
Сафаров норозиёна сар ҷунбонида, чизе нагуфт. Пас аз дақиқае фикр карда истодан ба лейтенант фармуд, ки нишебии ҷарро бори дигар дида барояд.
Комилов доғи бензин ва равғани мошинро ба осонӣ пайдо кард ва ҳамин доғҳоро аз назар гум накарда, сангу буттаҳоро дошта-дошта боло рафтан гирифт. Роҳи ӯро аз боло ва аз поён равшан мекарданд.
Тақрибан даҳ метр поёнтар аз роҳ доғи бисёр калони равған паҳн шуда буд. Дар худи ҳамин ҷо чанд беҳ алафу бутта решакан шуда, намуди муқаррарии санглох вайрон гардида буд, гӯё омочи бузурги пӯлодинро аз боло ба поён ронда бошанд. Аз афти кор, мошин бори нахуст ба ҳамин ҷо омада бархӯрдаасту баъд муаллақзанон ба қаъри дара сарнагун рафтааст. Пас, бо худи ҳамин зарб дар худи ҳамин ҷо мусофиру ронанда ҳам аз мошин афтодаанд...
Комилов ба ҷустуҷӯи нишонаҳои ҷасади ҳалокшудагон шурӯъ намуд. Лекин дар ин ҷо аз ин гуна нишонаҳо осоре набуд. Он гоҳ вай ба хуншор шудани дастҳояш эътиборе надода, ба тарафи рост ҳаракат кард. Ана, як тугмаи шикаста, ана порчаи матое. Лейтенант чизҳои ёфтаашро ба киса андохта, андаке нафасашро рост кард ва боз ба ҷустуҷӯ даромад. Қатраҳои хун! Охир навакак, дар ҳангоми поён фаромадан онҳоро дида буд, чаро диққат накард, ки дар гирду пеши ин қатраҳо аломатҳои мошини сарнагунрафта дида намешавад?
«Аҷиб,— аз фикр гузаронд Комилов.— Пас мошин аз одамон ҷудо афтодааст?»
Сафаров арзи ӯро шунида, миннатдорӣ баён кард. Баъд ба рӯи санге нишаста, папирос кашид. Муддати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё