Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

монда, роҷеъ ба вижагиҳои он андешаҳои ҷолибе изҳор доштаанд. Чунончи, дар рисолаи тазаккурёфтаи Ҳеродот беш аз сесад вожаи ориёиасл, мисли сатран, парасанг (фарсанг), аргиндкас (попи ҳайвон) ва монандӣ инҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ин гуна қайду ишораҳоро дар осори муаллифони асримиёнагии форсу тоҷик низ метавон дучор шуд. Аз ҷумла, дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ омадааст: «Ва дар Қуръон» як лафзи порсий аст ва ин аз ғароиб аст...

Ва ин лафз дар сураи «Аламтаракайфа аст...» (28, с. 17-18). Баъдан муаллиф калимаи сичҷидро ёдовар мешавад ва таъкид мекунад, ки он шакли муаррабшудаи санг ва тили форсӣ-тоҷикист. Воқеан, дар «Қуръон»-и маҷид на танҳо ин вожа, балки боз як даста аносири луғавие дучор мешаванд, ки сарчашмаи онҳо аз даврони ориёӣ оғоз гардидааст.

Олими англис У.У.Монтгомери дар бахши вожаномаи асараш «Таъсири ислом ба Аврупои асримиёнагӣ» (дар нашри англисиаш. Мутаассифона, дар нашри русии ин китоб чунин луғатнома ихтисор шудааст) дусаду панҷоҳ вожаро зикр кардааст, ки қисме аз онҳо ориёиасл буда, имрӯз дар ағлаби забонҳои ҷаҳон мустаъмаланд. Вале таҳлилу пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки шумораи унсури ориёиасл дар забонҳои дунё афзун аз пиндори ӯст. Ҳоло муайян гардидааст, ки миқдори ин гуна воҳидҳои луғавӣ дар забони арабӣ ба ду ҳазор, дар ҳиндӣ ба ҳазор мерасад. Азбаски ин гуна вожаҳо аз асли худ хеле дур рафтаанд, шинохти онҳо заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. Илми решашиносии (этимология) муосир собит кардааст, ки асли унсурҳои луғавии русишудаи господарь (порсии миёна gōspanddār), баран (эронии бостон baran,varan, ҳиндии қадим цапа - баррача, гӯсфанд), пижама (ҳиндии қадим raejama), рай (ба маънои биҳишт-эронии бостон гау (сарват, хушбахтӣ), сараффӣ (либоси дарози мардона/занона) (форсӣ sagārā-либоси фахрӣ), скипидар (форсӣ sapedār) ориёист. Ин гуна унсурҳои ориёиасл бахши муҳими таркиби луғавии забонҳои гуногуни дунёро ташкил медиҳанд. Дар тақвияти

пешина
аз 63
навбатӣ