Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
Муҳаммад Тақӣ Баҳор низ эътироф кардааст, ки тарзи талаффузи куҳани вожаҳоро метавон имрӯз дар бархе аз ноҳияҳои форсизабонон пайдо намуд. Баъдан ӯ меафзояд, ки «имрӯз дар Хуросон хосса Афғонистон, Бухоро, Тоҷикистон — намунаҳои боризе аз тарзи талаффузи забони дарӣ дар рустоҳо мавҷуд аст, аммо дар марказ ва ғарби ҷануби Эрон — он ҷое, ки туркӣ нуфуз накардааст, лаҳҷаҳои маҳаллӣ ё курдӣ ва лурӣ аст ё паҳлавии шимолӣ ё паҳлавии ҷанубӣ...» (11, с.24).
Алиакбари Деҳхудо низ доир ба ҳарфи х(в) андешаронӣ намуда, бо такя ба қавли Натанзӣ онро «... яке аз хуруфи мухтасси форсӣ» ном мебарад ва мавҷудияташро дар забонҳои авестоию паҳлавӣ мукарраран ёдрас мешавад ва ба қайд меорад, ки «имрӯза асари он дар баъзе лаҳҷот боқӣ мондааст ва дар забони форсии маъмул ба сурати х талаффуз мешавад» (21, ҷ.48, с.5).
Ба ин тариқ, гӯишҳо муҳофизи ҳақиқии тарзи талаффузи қадим (ниг. 87, с.8) ба шумор мераванд. Албатта, чунин вижагӣ дар ҳамаи гӯишҳо ягона ва баробар нест. Дар бархе аз гӯишҳо ё гурӯҳи лаҳҷаҳо хусусияти архаистӣ бештар ба мушоҳида мерасад, дар дигар камтар боқӣ мондаанд, дар силсилаи савум, баръакс, аломатҳои нав бештар ривоҷ ёфтаанд. Ин гурӯҳ вижагӣ на танҳо хоси гӯишҳоест, ки дар қаламрави Тоҷикистон мавҷуданд, балки дар бархе маҳалҳои тоҷикинишини ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Эрони имрӯза низ ба назар мерасанд. Р.Ҷӯраев ҳангоми шарҳи сарнавишти калимаҳо маҳфуз мондани талаффузи пешипаи бархе аз вожаҳоро дар гӯишҳои тоҷикӣ таъкид менамояд. Чупончи, помбурда роҷеъ ба этимологияи феъли сӯхтан ибрози ақида карда менависад, ки «дар баъзе шеваҳои тоҷикӣ: Бурҷимулло, Панай, Баҳсук ҳамчун шакли амри ё асоси замони ҳозира шакли сӯх истеъмол мешавад. Баромади онро аз решаи саука-сӯх тахмин кардан мумкин аст» (87, с.24). Алиашрафи Содиқӣ роҷеъ ба маҳфуз мондани чанде аз овозҳои норсии миёна дар байни мардумони иддае аз минтақаҳои Эрон изҳори назар намуда навиштааст: «... дар лаҳҷаҳои марказии Эрон ва баъзе лаҳҷаҳои ғарбии вобаста ба наздик ба лаҳҷаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё