Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Нишастанд зоғон ба болинашон,
Чун ӯ доягони сияҳмӯъчизон.
(Манучеҳрӣ)

Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи машҳури Эрон Муҳаммад Тақӣ Баҳор аст, ки баъди қарни XII (шашуми ҳиҷрӣ) аз истифода мондани чунин тарзи баёнро махсус таъкид менамояд (ниг. 11, с. 77).

Ҳангоми аз назари таҳлил гузаронидани ин масъала чунин нуктаро низ бояд ба назар гирифт, ки ба шакли ҷамъ омадани ҷузъҳои тобеъкунандаву тобеъшавандаи ибора ба давраҳои пешазисломии забонҳои эронӣ, ба хусус тоҷикӣ низ хос будааст. Чунончи, баъзе муҳаққиқони таърихи забонҳои эронӣ маъмул будани ҳодисаи мазкурро дар забони паҳлавӣ (яъне порсии миёна — Ҳ.А.) таъкид намудаанд (84, с. 52). Аз мутолиаи матнҳои порсии миёна мисли «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дотистони менуги хирад» ва монандӣ инҳо бармеояд, ки категорияи шумора дар матнҳои мазкур, ки таҳрири дерини онҳо то мо омада расидааст (таъкиди мо — Ҳ.А.), мавриди истифода қарор гирифтааст. Иддае аз муҳаққиқон дар ин ақидаанд, ки тунаи тазаккурёфтаи ибораҳои порсии миёна таҳти таъсири меъёри давраи нави забони форсӣ рух додааст (ниг. 47, с. 64). Вале, ба назари мо, ин ҳодиса дар забонҳои эронии собиқаи тӯлонӣ дошта, мерос аз давраи қадими инкишофи ин забонҳо аст. Мо дар матнҳои порсии миёна ибораҳои навъи авешон гйогон уд ростогон (дигар ҷойҳо ва рустокҳо) (Додистон...)-ро дучор меоем, ки вобаста ба шакли ҷамъи муайяншаванда ҷузъи тобеи он низ ба тунаи ҷамъ истифода гаштааст: Андар душх (в-) адойиҳи Алаксандар ниғони ӯ вирек уд пиҳонравипшиҳ сетод або курдони шубопон рафт (31, с. 15).

Ин ҳолатро мо дар матнҳои монавӣ низ (агарчи мунтазам нест) дучор меоем: сираҳмон хубӯйенон «гулҳои хубӯй» (айнан: гулҳои хушбӯйҳо), виспон водон барагони кадаг «ҳамаи шайтонҳои хона», авешони денаварон айорон «он ёварони динӣ» (ниг. 47, с. 63).

Мутобиқи шакли калимаи тобеъкунанда истифода шудани тунаи ҷамъи воҳиди луғавии тобеъшаванда дар

пешина
аз 63
навбатӣ