Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
Гуфт: «Аз ин ҷуҳудон гурӯҳе камдонопанд, аз Таврот чизе надонанд, ҷуз он хондан (18, с.133). Мар варо мункир нашаванд, магар фосиқони бефармонон аз кофирому ҷуҳудону тарсоон» (4, с.133).
Иддае аз ин иборатҳо дар мутуни асримиёнагӣ хеле серистеъмоланд: Ва аз қазои омада арӯсро таб гирифт ва намози хуфтан оварданд ва рӯди Ғазнин пур шуд аз занони мӯҳташамон (3, с.249). Ва пас маҳдҳо, ки рост карда буданд, бо занони мӯҳташамони Нишобур... пеши маҳди духтари Боколиҷор бурданд (3, с.394). Ва такаллуфе сахт азим сохтанд андар меҳмониҳо ва занони мӯҳташамони Нишобурро ба ҷумла он ҷо бурданд (3, с.395). Ва намози дигарро ҳамаи занони мӯҳташамон ва ходимон равон шуданд (3, с.426). Ва ман ин китобро ба шарҳ кардам, то ба сухани пирони мутақаддимон табаррук карда бошам (4, с.33).
Ҷои таъкид аст, ки дар осори асримиёнагӣ баробари дар шакли ҷамъ омадани муайяншавандаву муайянкунанда боз ҳолатҳои дар шакли ҷамъ мавриди корбаст қарор гирифтани муайяншаванда ва шакли танҳои муайянкунанда ба назар мерасад. Чунончи, агар дар ҷумлаи зер: «Ва аз ҷиҳати мо дар муқобилаи он навохте босазое наёмадааст, балки аз муставқон ва музаррибону оқибатнигарон ва ҷавонони корнодидагон низ корҳо рафтааст» (3, с.329), ҳар ду ҷузъи ибора бо ҳам дар шумора мувофиқат карда бошанд, пас айни ҳамин ибора дар ҷумлаи зер бидуни мувофиқат дар шумора истифода шудааст: Амирро бад-ин сабаб дил машғул шуд, ки кор бо ҷавони корнодида афтод (3, с.464).
-
Мувофиқати шумораи муайяншавандаву муайянкунанда дар мавриде низ ба чашм мерасад, ки ҷузъи эзоҳбанда бо ҷонишин ва ҷузъи эзоҳдиҳанда бо сифат ифода гашта бошад: Ва амир дар мадҳ биншаст ва пил биронданд ва ҳамагони бузургон пиёда истода, то хизмат кунанд (3, с. 162).
-
Мавриди дигари мувофиқати ҷузъҳои ибораи изофӣ вақте рух додааст, ки ҷузъи асосӣ бо зарф ва ҳиссаи тобеъ бо шумора ифода гашта бошад: Ва пешинагони нахустинон аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё