Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бошад ва чӣ муфрад ... Аммо дар ашъор ва навиштаҳои қудамо гоҳе барои мавсуфи ҷамъ сифати ҷамъ овардаанд»(85, с.287).

Дуктури Маҳдии Муҳаққиқ низ мефармояд, ки «ин амр (яъне мутобиқати сифат бо мавсуф – Ҳ.А.) дар мутуни қадим бисёр ба чашм мехӯрад»(39 а, с.748). Ақидаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқони дигар низ ба қайд оварда шудааст (ниг.22, с. 188-189; 48, с.114). Вале чунон ки ба назар мерасад, ҳамаи муҳаққиқони номбурда аз хусуси ин тарзи баён танҳо ишораҳои умумӣ кардаанду халос. Илова бар ин, байни онҳо ихтилофи назар ба чашм мерасад. Агар иддае аз онҳо танҳо гоҳ-гоҳ корбаст шудани ҳодисаи мазкурро таъкид карда бошанд, пас дастаи дигарашон аз хусуси фаровон дучор шудани чунин тарзи иборасозӣ ҳарф задаанд. Барои саҳеҳии ин андешаҳоро собит сохтан аз назари таҳлил гузаронидани асноду шавоҳиди мутуни мухталифмавзӯи даврони асримиёнагӣ зарур аст. Мо маводи таҳлилро ба хотири рӯшноӣ андохтан ба замони зуҳури ҳодисаи мазкур аз матнҳои порсии миёна, катибаҳои порсии қадим, се ҷилди «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ»», «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»», «ат-Тафҳим»-и Берунӣ, «Шарҳи ат-таарруф»-и Абӯиброҳим Исмоили Бухороӣ, «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас»-и маҷҳулмуаллиф, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, ашъори шоирони асримиёнагӣ гирд овардем.

Азбаски дар вазифаи муайянкунанда калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои мухталиф омада, ба ҳиссаҳои гуногуни нутқ мансубанд, онҳоро ба бахшҳои зерин гурӯҳбандӣ карда таҳлил намудан мувофиқи мақсад аст:

  1. мувофиқати муайяншавандаву муайянкунанда дар
    шумора дар мавриде мушоҳида мегардад, ки ба вазифаи
    муайяншаванда воҳидҳои субстантиватсияшуда омада, роли
    муайянкунандаро этнонимҳо иҷро намоянд. Ҷузъи
    муайяншаванда одатан номи касбу кор, машғулият,
    мансубияти динӣ, ҷинсро ифода менамояд. Бисёре аз
    донишмандони ҷуҳудон, ... тарсоон, бешак, мехӯранд
    хостаҳои мардумон ба посазо (67, с.610). Ва нақибони
    ҳиндувон биёмаданд ва марде сесад ҳинду оварданд ва ҳам
    дар боғ биншастанд (3, с.228). Ва амри маъруф кард ва аз
пешина
аз 63
навбатӣ