Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бӯзбала низ дар баёни маънои «фарзанд» меояд. Ҷузъи аввал бунёди худро аз bazu-и эронӣ гирифтааст, ки маънои «ғафс, зич»-ро дошт. Дар забони авестӣ шакли bāzah «бузургӣ», ҳиндии қадим bahu — «зич» ба мушоҳида мерасад.

Ҳамин тавр, аз назари таҳлил гузаронидани сарнавишти чанд вожаи ориеиасли ба таҳаввулоти шаклӣ дучоршуда ё таҳти тағйироти шаклину маъноӣ қароргирифта чунин бармеояд, ки шумори ин гуна аносири луғавӣ бояд зиёд бошад. Бархе аз ин гуна воҳидҳои луғавӣ ҳоло дар аксари забонҳои ҳиндуарупоӣ, силсилаи дигар дар гурӯҳе аз забонҳои эронӣ ва дастаи сеюм дар кулли гӯишҳои тоҷикӣ ё гурӯҳе аз онҳо маҳфуз мондаанд. Мансуби забонҳои туркӣ набудани чунин вожаҳо ва бунёди ориеу на гузашта аз он ҳиндуарупоӣ доштани онҳоро на танҳо мустаъмалии онҳо дар аксари забонҳои эронӣ, балки забонҳои ҳиндуарупоӣ метавонад собит намояд.

«Ғалат»-и ҳазорсола

Маълум аст, ки забони тоҷикӣ дар тӯли дурударози
таърихӣ дар сарзамини доманадоре нумӯ карда, вобаста ба
шароитҳои мухталифи айниву зеҳнӣ унсурҳои забонҳои
эронӣ (паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сокӣ-хутанӣ, бохтарӣ) ва
ғайриэронӣ (арабӣ, туркиву муғулӣ, русӣ) дар такмили
таркиби луғавии он ҳисса гузоштанд. Дар чунин муддати
тӯлонӣ гунаи аслаш низ ба дигаргуниҳо дучор шуда, ба
таркиби он на танҳо калимаҳои вайронсохт роҳ ёфтанд,
балки қолабҳои нодуруст ва барои ин забон бегонаи
гӯшхарош ворид гашта, боиси берангу бетобиш, урёну
беороиш шудани он гардиданд. Кор то ҷое расид, ки аз чор
ҷумлаи аҳли қалам ақаллан яке аз онҳо ғалат ё сактадор
мешуд. Дар ин бобат корманди илмии ЭСТ Ӯктами
Холиқназар хеле хуб навиштааст, ки «... шунидани сухани
бидуни ғалат, сухане, ки дар чаҳорчӯби қоидаҳои сарфу наҳв
ва мутобиқи мантиқ бошад, хондани китоб, нашрияҳои
беғалат имрӯз орзу шудааст» (73, с. 5). Ба назари мо, қисми
зиёди чунин ғалатҳо дар натиҷаи хуб наомӯхтани

пешина
аз 63
навбатӣ