Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
гӯишҳои тоҷикӣ нобарҷо мондаанд. Мавриди таъкид аст, ки баъзеи ин гуна аносир дар гӯиши ҷанубӣ, бахши дигар дар гӯиши шимолӣ мустаъмаланд. Чунончи, агар вожаи отаро сокинони ҷануби Тоҷикистон мавриди истифода қарор диҳанд, пас калимаҳои она, болта (ойболта) дар забони мардуми шимоли ҷумҳурӣ серистеъмоланд. Решаи аносири номбурдаи дугай низ ба даврони ориёвӣ ва гузашта аз он аҳди куҳантар мерасад. Вожаҳои ота ва она дар натиҷаи бар ивази калимаи ҳиндуарупоии зуҳур кардани воҳиди луғавии нав дар яке аз шохаҳои забони ҳиндуарупоии қадим — забони анатолий зуҳур кардааст: хеттӣ attas, лубиягӣ tatis, палмирӣ paras «падар», хеттӣ anna, лубиягӣ ani «модар». Дар забони ҳиндуарупоӣ дар баёни мафҳуми «модаркалон, оча» вожаи han истифода гардида, баъдан дар забонҳои хеттиву лубиягии мутаносибан ба шаклҳои hannas -, hīna «модар» боқӣ монд ва дар чанде аз забонҳои ҳиндуарупоӣ, амсоли армани (han «модаркалон»), немисии қадим (шохаи болои - ana «модаркалон»), литвонӣ (anuta «модари шавҳар») маҳфуз аст.
Калимаи болта (ойболта) ибтидои худро аз parasu-и порсияи қадим гирифтааст, ки ин шакл, дар навбати худ, идомаи parasu-и умумиэронист. parasu ба шумор омадани сарчашмаи вожаи болтаро (на parasu-и умумиэронӣ) ин нукта собит месозад, ки он дар забонҳои дигари муосири эронӣ ба шакле мубаддал шудааст, ки дар охир ҳамсадои t дорад: осетинӣ færst, на færxs (ниг.1, ҷ 1, с.45). Ин калима дар аҳди куҳан аз забони порсияи қадим ба забонҳои дигари эронӣ, мисли скифӣ, тахорӣ роҳ ёфта, ба василаи онҳо ба забонҳои ғайриэронӣ, мисли финноугорӣ (коми purt, удмурдӣ purt, венгерӣ bart «шамшер») ва туркӣ (ба шакли balta) иқтивос шудааст. Дар яке аз забонҳо, ки муайян карданаш басо душвор аст, ивази ҷузъҳои таркибии parta<tabar ба вуқӯъ пайвастааст, ки минбаъд дар аксари забонҳо густариш ёфтааст (мисли «топор»-и русӣ).
- Ҳодисаҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки аз як реша ё асоси вожаи ориёвӣ минбаъд чанд калима пайдо гардида, ба забонҳои туркӣ дохил шудаанд ва қисме аз он шаклҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё