Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
даъво дар мисоли аносири луғавии эронӣ асл ва гузашта аз он ориёӣ асл ё решаи ҳиндуаврупоӣ дошта, ки ҳоло ин гуна вожаҳоро моли оилаҳои забонҳои ғайриориёӣ ё ғайриҳиндуаврупоӣ медонанд, бисёр возеҳ ҷилвагар мешавад. Маълум аст, ки дар раванди инкишофи забони ҳиндуаврупоии қадим забони ориёӣ ба ҳайси яке аз шоҳаҳои тавонои он ҷудо гардид, дар тӯли мавҷудияташ вижагиҳои муайяне касб кард. Ин забон на танҳо аз ҳисоби захираҳои дохилии худ такомул ёфт, балки боз дар ғанӣ гардидани таркиби луғавии забонҳои ғайриориёӣ ё ки ғайриҳиндуаврупоӣ ҳиссаи босазое гузошт. Дар натиҷа дороиҳои луғавии ин забон дар забонҳои вомгирифта ҳам аз ҷиҳати шакл, ҳам аз ваҷҳи маъно ба таҳаввулоти ҷиддӣ дучор гардиданд. Таҳаввулоти шаклии қисме аз онҳо то ба дараҷаест, ки шинохти гунаи аслияшон то имрӯз муяссар нашудааст. Дар луғатномаҳои асримиёнагӣ ва дар пайравии онҳо фарҳангномаҳои ҳозира ин гуна аносири луғавӣ туркӣ муаррифӣ шудаанд. Аммо пажӯҳишгарони илми решашиносӣ (этимологӣ) солҳои охир бо зикри маводи ёдгориҳои даврони мухталиф пиндори тазаккурёфтаро дар мавриди решаи туркӣ доштани чунин вожаҳо ботил шуморидаанд ва бо овардани маводи фактологии арзишманд асли ориёӣ доштани онҳоро собит сохтаанд.
Маводи гирдоварда касро ба чунин натиҷа меорад, ки тақдири ин гуна воҳидҳои луғавӣ минбаъд ба таври гуногун ҷараён гирифтааст. Мо бо назардошти вижагиҳои алоҳидаашон онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудем:
- Як қатор аносири куҳани ориёӣ асл дорои решаи ягона буда, баъдан дар натиҷаи замимаи морфемаҳои ёвари калимасоз ё шаклсоз аз онҳо шаклҳои гуногун зуҳур намудаанд, ки кулли чунин гунаҳо дар баёни як маъно ё тобишҳои мухталифи маъноӣ ё ки маъноҳои гуногун ба кор рафтаанд. Ин ҷо метавон ба ҳайси далел калимаҳои эчки «буз» ва кӯчқорро зикр кард. Тавре ки эҳсос мегардад, дар назари аввал байни ин вожаҳо гӯё ҳеҷ робитае вуҷуд надорад, аммо ҳамин ки гузаштаи дури онҳо ҷустуҷӯ мешавад, ягонагии бунёди ҳар ду вожа мусаллам мегардад.
Гунаи эчки яке аз мувозиҳоест, ки дар туркии қадим пайдо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё