Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
(лола низ аз он аст), лат (пора кардан-59, ҷ. 2, с.210), лак (59, ҷ.2, с.212), паланг (59, ҷ.2, с.167)...
д) Калимаҳои туркӣ-ӯзбекии овози л дошта: илиқ,
элхон, чолищ, эл (қавм - Ҳ.А.), элак, оқсоққол, элчи, ялав,
ялоқ, қилиқ, ярлиқ, чимилик, қатлама, чилим, қилич, елим,
қайла ва монандӣ инҳо.
Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ дар луғати номбурда воҳидҳои луғавиеро амсоли қолин (59, ҷ.2, с.125), қаровул (59, ҷ.2, с.132), қишлоқ (59, ҷ. 2, с.135), қалпоқ (59, ҷ.2, с.142), чилав (59, ҷ.2, с.237), қулоч (59, ҷ.2, с.141), талош (59, ҷ.1, с.176), сала (59, ҷ.1, с.434), суюрғол (59, ҷ.1, с.447), шаллоқ (59, ҷ.1, с.434), шатал (чӯтал-Ҳ.А.-59, ҷ.1, с.457), қалқон (59, ҷ.2, с.142), кӯтал (59, ҷ.2, с.182), лош (59, ҷ.2, с.204), лочин (59, ҷ.2, с.205), ясовул (59, ҷ.2, с.412) қайд кардааст, ки ҳама моли забони туркиянд. Вале гоҳе ӯ дар зикри чунин аносири туркиасл ба интибоҳ роҳ додааст. Аз ҷумла, ӯ воҳиди луғавии кал-ро туркӣ меҳисобал (ниг.59, ҷ.2, с.147), ки ҷои тааммул аст, чунки унсури луғавии мазкур дар забони умумизероӣ гунаи каға, авастой кағапа-ро дошта (ниг.48, с.83), баъдан сурати «кал»-ро пазируфтааст.
е) Ба забони тоҷикӣ 83 калимаи лотинӣ иқтибос шудаанд, ки овози л доранд: автол, акваланг, аккумулятор, алимент, алюминий, амбулатория, академия, велосипед, вулкан, генерал, глобус, капал, лексия, мебел, мотосикл, пленум, солист, филтр, формула, милиция, факултет.
ё) Дар забони тоҷикӣ 40 воҳиди луғавии русӣ дучор меоянд, ки таркибашон ҳамсадои л вуҷуд дорад:
вертолёт, грелка, двигател, клеёнка, колбаса, коляска, лампочка, плитка, пулемёт, самолёт, тефтели, узел.
ж) Дар забони тоҷикӣ 84 аносири луғавии ҳамсадои л дошта мавриди истифода қарор доранд, ки мансуб ба забони франсавиянд: албом, ансамбл, артикл, балет, билет, блокнот, вазелин, велюр, диплом, журнал, калка, коллеҷ, котлет, лампа, лимонад, медал, минерал, одеколон, палто, портфел, рол, рояш, спектакл, талон, тол, фелетон, фестивал, эшелон.
з) Калимаҳои юнонии ҳамсадои л дошта: маълум аст,
ки чунин воҳидҳои луғавӣ ба таркиби луғавии забони
тоҷикӣ бо се роҳ дохил шудаанд: а) пеш аз ислом, ба воситаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё