Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

балки дар кароманд шудану вусъати комил пайдо кардани забони қавмҳои ғайриорией ҳиссаи сазоворе гузоштанд ва номи худро дар ҷаҳон ҷовидон гардониданд.

Сарнавишти вожаи Маҳастӣ

Пайдост, ки барои ошкор сохтани асли зуҳури воҳидҳои луғавии забон танҳо такя кардани пажӯҳишгар ба асноду далеили фарҳангҳои тафсирӣ, ба хусус вожаномаҳои асримиёнагӣ кофӣ набуда, балки аз муҳаққиқ донистани давраҳои мухталифи инкишофи забонҳо, қонуниятҳои бадалшавии овозҳо, сабабҳои он ва таъсири мутақобилаи забонҳоро дар адвори гуногуни таърихӣ тақозо менамояд.
Ин нукта низ мусаллам аст, ки дар садаҳои асримиёнагӣ соҳибони луғатномаҳо ва маъхазҳои таърихиву ҷуғрофӣ (ҳатто динӣ) зимни баёни матлаби асосӣ ба сабабҳои муайян таваҷҷӯҳи хешро ба ифшои шинохти решаи воҳидҳои луғавӣ равона кардаанд. Дар ин ҷо маҷоли он нест, ки перомуни ҳамаи бурду бохти эшон изҳори андеша карда шавад. Танҳо бо таъкиди ин нукта маҳдуд метавон шуд, ки ағлаби муаллифони сарчашмаҳо ҳангоми баёни этимологияи унсурҳои лексикӣ ба афсонаву ривоятҳо такя намудаанд.
Чунин муносибатро дар радифи ҳазорҳо моддаҳои луғавӣ дар мавриди шарҳи решаи номҳои ашхос, мавзеъҳои ҷуғрофӣ низ метавон дучор шуд.

Доир ба ваҷҳи тасмияи тахаллуси шоираи забардаст, дабира ва зарифаи рӯзгор ва надими сӯҳбаторо Маҳастӣ Хуҷандӣ, ки дар қаламрави шеъри форсӣ ибтикори шоистаи таҳсин ба анҷом расонида, дар ҳунари бадоҳатан шеъргӯӣ пешдастӣ доштааст ва то ба мақоми дабирӣ расида, аз нахустшоираҳои шаҳрошӯбсарой ба шумор меомадааст, низ соҳибони тазкираву фарҳангномаҳо дар аксар маврид нақли ровиёнро муттакои андешаи хеш қарор додаанд. Агар иддае аз онҳо калимаи «Маҳастӣ»-ро калимаи мураккаб ҳисобида (ниг. 37, с.3), кӯшиши шарҳи маънои чунонро карда бошанд,
пас дастаи дигар, сарчашмаи вожаи мазкурро ҷумла таъйин намудаанд (ниг. 9, с.23). Чунончи, Муҳаммадҳасанхони Эътимодуссалтана дар «Хайрот-ул-ҳисон» ҳини баёни асли

пешина
аз 63
навбатӣ