Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
Аз муаллиф
«Мо тамаддуни ориёиро ҳамчун падидаи сирф фарҳангӣ баррасӣ карда, ба наслҳои имрӯзу оянда омӯхтани онро ба хотири шинохти беҳтар ва амиқтари баромади таърихии миллатамон талқин менамоем»
(Э.Ш.Раҳмонов)
Ба даст оварда шудани истиқлолият дар таърихи миллати озодаву сарбаланд ва бостониву соҳибтамаддуни тоҷик воқеаи муҳими таърихӣ ба шумор омада, ба туфайли он як қатор суннатҳои миллӣ эҳё гардид, ки кулли онҳо барои миллати тоҷик ба ҳайси дарси хештаншиносӣ нақши сазовор доштанд. Таҷлили ҷашни бузургдошти 1100-солагии давлати Сомониён, бузургдошти илму адаб ва фарҳанг, ки инсониятро ҳамеша ба сулҳу салоҳ, донишу маърифат, меҳру шафқат, ҳамдилию ҳамкорӣ ва адолату поквичдонӣ ҳидоят менамуданд (1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 680-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 90-солагии Бобоҷон Ғафуров, 2700-солагии «Авесто»), бузургдошти шаҳрҳои бостониву таърихӣ (2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб), рушди ҳаматарафаи «Шашмақом», ташвиқи суннати хоси мусиқии миллии «Фалак» ва монанди инҳо аз ҷумлаи он иқдомоти бузурги фарҳангие буданд, ки дар ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО амалӣ гардиданд.
Санаву ҷашнҳои мубораки миллӣ, эҳёи суннатҳои куҳан боиси мусоидат дар таҳким ва густариши худогоҳиву худшиносӣ, ифтихори ватандӯстиву ватанпарастии ҳар фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин ваҳдати миллӣ шуда, дар ободу зебо гардидани кишвари аҷдодии мо нақши сазовор доранд.
Дар радифи ҷашну санаҳои таърихӣ ба андешаи ошносозии наслҳои имрӯзу фардо ва ҷаҳониён бо мероси таърихиву фарҳангӣ ва сарватҳои моддию маънавии дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи ниёгони тоҷикон соли 2006-ум соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон карда шуд.
Ба ифтихори ҷашни бузургдошти тамаддуни ориёӣ ҳар узви ҷомеа мехоҳад то қадри ҳол ҳиссаи худро гузорад. Аз ин рӯ, муаллифи ин сатрҳо низ ба ин муносибат маҷмӯаи мақомотеро омода сохт, ки дар он масоили зайл арзёбӣ шудаанд: 1) таърихи вуруди аломатҳои алоҳидаи хатти барои ифодаи бархе овозҳое, ки аслан барои забони ниёгони мо бегона буданд. 2) «Саргузашт» - и печидаи баъзе этнониму топонимҳо, ҷузъҳои таркибии этнонимҳо дар даврони дурударози таърихӣ. 3) Интикоси ғаномандии таркиби луғавии забонҳои орией асл, ба хусус тоҷикӣ дар рушду нумӯи забонҳои ғайриэронӣ, сайри таърихии бахше аз апосири ориеиасл, таҳаввулоти чиллии шаклиро пушти сар кардани онҳо.
Мақолаҳои маҷмӯа солҳои гуногун таълиф шуда, онҳо дорои далел ё диди тозае ҳастанд ё ақалан бо гузориши масъалае хонандаро ба андеша водор мекунанд.
Азбаски мақолаҳо солҳои гуногун таълиф гардидаанд, табиист, ки дар тарзи баёни онҳо тафовут ба чашм мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё