УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Мошин ба ҳудуди шаҳрак наздик шуда, акнун дар раҳи асфалт мерафт.
Андрей ҳамчунон хомўш буд. Аз тирезаҳои кушода бодаки нарм даромада, мўйсари хурмоӣ ва каме тунукашро парешон мекард. Ва ў ҳар замон даст ба сараш мебурд, онро ба тартиб меовард.
Ҳангоме ки аз маркази ноҳия мегузаштанд, Зафарбек ба қади кўча ишора намуда:
– Ана вай! – гуфт.
– Кӣ? – чизе нафаҳмида, мутаҳайир ба пасу пеш назар давонд Мансур.
– Хаскаш...
– Канӣ?
– Ба дасти чап нигоҳ кунед, ба истгоҳи автобус...
Мошин ки ҳоло аз он ҷо гузашта буд, Мансур фавран ба қафо рўй оварда, аз тиреза...
Дар ҳақиқат Хаскашро дид.
Вай дар канори майдончаи асфалтпўш, ки як хонаи хурд – кассаи билетфурўшӣ – ва шипанги чор тарафаш кушода дошт, дар назди «Волга»-и осмонранги худ рост меистод. Ҷисми лоғараш дучанд лоғар метофт.
Дар гирдаш даҳдувоздаҳ нафар зану мард...
Ғайр аз «Волга» дигар мошине ба назар наменамуд.
– Савдо мекунад, – гуфт ба заҳрханд Зафарбек.
– Чӣ хел савдо?.. – гаранг шуд Мансур.
– Кӣ бисёртар пул диҳад, ҳамонро то Раҳи калон бурда мемонад. Аз он тараф ҳам холӣ намеояд.
– Пас ў маро фиреб дод?
– Бешубҳа! Аз шумо дигар чӣ фоида?!
– То Раҳи калон тахмин ҳафтод километр...
– Бале, ҳафтод! Дар ҳамин масофа вай аз ҳар кас даҳ сўм мегирад. Чор карат даҳ чанд мешавад?
– Чил...
– Ана ба шумо пул! Аз ин тараф чил сўм, аз он тараф ҳам чил сўм. Рўзе ду маротиба рафта баргардад, яксаду шаст сўми нақд меёбад.
– Қариб баробари маоши ман.
– Вай ин корашро ҳар вақт намекунад.
Мавридашро шинохта, дар ҷои худ ағлаб писараш ё ягон хеши баэътимодашро монда, ана ҳамин тавр… гўё тасодуфан кўча мебарояд. Ноҳияамон дар кўҳистон, аз Раҳи калон дур. Мардуми сафаракӣ бисёр... Аз ин рў кордаш болои дунба!
– Агар ҳозир ба мо вомехўрд, чӣ мекард?
– Шумо аввал гўед, ки имрўз билет доштани дўстатонро вай медонист ё не?
– Медонист.
– Пас гумонаш... шумо илоҷе ёфта, ҳоло рафтаед. Сониян, тифоқо рўбарў ғалтад ҳам, ба саду як росту дурўғ узр мепурсид; ғубори дилатонро мебаровард.
– Ин хел буданашро ҳеҷ намедонистам.
Маро, хайр, масхара карду ба ҳар ҳол нағз шуд, ки чӣ одам аст ў, – шинохтам. Барои оянда...
Мошин басуръат ва ҳамвор мерафт.
Дар ду бари раҳ талу теппаҳои пасту баланд, баъзан қарта-қарта заминҳои гандумаш даравидаи урён, гоҳо подаи гаву рамаи гўсфандон паёпай қафо мемонданд. Кайфаш каме ноҷўр, Мансур акнун хомўш менишаст. Андрей низ, агар аҳёнаҳён ягон чиз пурсидани ўро ба ҳисоб нагирад, чашм ба дуриҳо дўхта, сукут мекард.
Тахмин пас аз ним соат Зафарбек дар диққат ба оинаи пеши мошин нигариста – то метавонист, вай ҳатто гардан ёзонд, – мисли он ки ба худаш гап мезада бошад:
– Хаскаш... – гуфт.
– Чӣ? – нафаҳмид Мансур.
– Мегўям, ки Хаскаш меояд. Ҳозир аз мо мегузарад. «Волга» мошини бақувват.
Мансур ба шонаи дўсташ беозор нихта кард. Ва онҳо... ҳар ду баробар тоб хўрда, аз тирезаи пушт ба қафо назар андохтанд.
Воқиан ҳам як «Волга»-и осмонранг ба мошини Зафарбек наздик мешуд.
– Шинохтӣ?
– Бале, – дандонҳои сап-сафед ва бақувваташ намоён, хандид Андрей. – Хаскаш...
– Ту хафа нестӣ? – пурсид Мансур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё