УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Корзада буд аспи пир!
Ман ба қадаммонии душвори вай нигариста, беихтиёр аспи дигарро ба хотир овардам, ки низ кабуди холдор буд.
Аспи падарам...
Дурусташ, аспи давлату лекин падарам...
Азбаски солҳои сол ҷангалбонӣ мекард, онро аз ҳисоби кадом идора савор шуда мегашт.
Як рўз падарам аз кўҳ омада, зуд оши бурида хўрду дар болои кўрпача дароз кашида, гарму нарм гуфт, ки рав, писарам, аспро ба дарё бурда, об дода биё. Мани он вақт даҳдувоздаҳсола аз ин хоҳиши вай ниҳоят хурсанд шуда, савори асп филҳол ба лаби дарё расидам.
Мепурсед, ки дар ҳамон син аспсаворӣ мекардӣ? Албатта! Аз падарам омўхта будам…
Хулоса, дар поини деҳа ба лаби дарё расида, ҷонварро аз об хуб сер кардаму дар бозгашт – аз кўҳтал гузаштан баробар тозондам. Падарам пеш чандин маротиба исрор ба исрор гуфта буд, ки номаш аспро… баъд аз об хўрданаш – Тозондан гуноҳ!
Аммо шавқи кўдакиам боло гирифту ба сағрии ҷонвар қамчин зада, онро дар кўчаи деҳа беибо тозондам. Ман хабар надоштам, ки падарам ба хона омада, зертанги аспро қадре суст кардааст. Аз ин рў...
Вақте ҷонвар дар шаст ба дарвозаи ҳавлиамон мерасид, нохост аз болои вай чаппа шуда, якҷоя ба зертанги кушода ва зину арақчинаш дар ҷўи канори раҳ ғалтидам. Ва дар замини сахт шонаам зарб хўрда, ҳамоно фарёд кашидам.
Охир, ҷўи сабил об надошт – хушк буд, қоқи қоқ буд!
То даме ки фиғони маро шунида, падарам тохта аз хона баромад, асп гунаҳкорона шиҳа кашида, нарм пой кўфта, аз барам дур намешуд; ба нигоҳи чашмони равшан ва калонкалони худ гўё узр мехост.
Чунин менамуд, ки вай аз ман дида бештар азоб мекашад; агар он лаҳза фақат шонаи ман дард кунад, пас...
Аз ғояти раҳму шафқат ҳама вуҷуди ҷонвар метапад, таранг мешавад.
...Ба аспи пир ва соҳиби кўзапушту сархами вай нигариста, дар истгоҳи автобус ба як дарди ширин беихтиёр ҳамон воқиаро ба ёд овардам. Ва ҳангоме ки аробаи пурбор рафтарафта, дар пушти хамгашт нопадид гардид, худ ба худ:
– Чӣ бало зад ҳафтумро?! – гўён асабонӣ бархостам.
– Ҳозир гузашт-ку, амак, – фаҳмонд писарбачаи хушсурати аз афташ мактабхон, ки чанд дақиқа дар паҳлуи ў хомўш нишаста будам.
– Наход! – гуфтам ман дар ҳайрат ва аз парешонии худ каме шарм дошта, дубора дар лаби харак ҷой гирифта, боз ба ҳар гуна хаёлҳо рафтам.
Раъду барқ ҳамон хурўшида, беист борон мерехт. Ман...
Чашмам ба раҳ...
Мошинҳои дар ҳаракатро гоҳ медидам, гоҳ не. Зеро дар лавҳи хотирам манзараҳои деҳа пайдо шуда, кўчаи асфалтпўши шаҳрро аз пеши назарам мебардоштанд. Ва ман чун дар овони беғами кўдакӣ талҳои як ба як сабзи дилнавозро баръало дида, дар зери борони баҳор гўё аз сари нав пойлуч метохтам...
Бад-ин минвол аз байн чӣ қадар вақт гузашт, – намедонам. Фақат ҳаминашро медонам, ки:
– Омад, амак, ана... – гуфт ба табассуми ширин писарбача.
Ман аз дунёи дерини худ раҳо ёфта, чашмам ба автобуси ҳафтум афтид, ки дар он паиҳам одамон савор мешуданд.
Даме ки саросема ба дари автобус расидам, писарбача:
– Амак, о ин... – гўён аз остини борониам оҳиста кашид. Бинам – дар дастам партфел!
Хаёлам, ки кўдаки мактабхон бошам, партфели он писарбачаро беихтиёр аз болои харак гирифта, худро ба сўи автобус задаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё