Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз...
Ногаҳон пир шуда ва китоби дасташро аз болои рўди тезоб ба сўям дароз карда...
Вай дар илтиҷо мегуфт, ки инро бигиру ба ман писарони ҷавонамро ёфта деҳ, шавҳари заҳматкашамро ёфта деҳ. Бигир...
Бигир, ки дар ин китоб сарнавишти ғамангези онҳо сабт гардадааст.
Лекин дастам ба китоб нарасид – ман аз рўи санге ғелида, ба дарё афтидаму…
Сахт тарсида, ғарқи обу арақ, бедор шудам. Аз радиои девори ошхона ҳофизе ба сўзу гудоз «Муноҷот»-ро мехонд. Ин суруди дилхарош, ки субҳи содиқ гўё аз дуриҳо ба гўшам паст ва мавзун мерасид, маро бештар мутаассир кард.
Аз хоби дидаам ҳайрон, дар мадди назарам андоми кулфатгазидаи Марямхолаву хаёли ошуфтаам ба деҳа... аз ҷогаҳи худ базўр хеста, дастурўй шустам; риш гирифтам.
Сипас хоҳам-нахоҳам чою нон хўрда, тохта қўча баромадам, ки аз дигар ҳамкасбонам пештар ба кор расам…
Шумо албатта медонед – як соат қабл аз ин ҳаво соф буд, борон ҳам намеборид.
Хулоса, акнун ба истгоҳи автобус расида будам, ки ногаҳон раъду барқ шуда, шатар-шутур борон рехт.
Шамолаш тунд. Бинам – борониамро напўшида баромадаам, ҳатто чатр нагирифтам. Барои то ин дараҷа фаромўшхотирӣ, андешамандӣ ва он мақолаи сабилро нанавиштан худро маломат карда, ҷонсарак қафо гаштам.
Дар хона боронӣ пўшида, алалэҳтиёт чатрро ҳам гирифта, бозпас ба истгоҳи автобус омадам.
Дар зери шипанг одам бисёр буд.
Охир, ҳавои баҳор – шохборон мезад!
Автобус кам мегузашт.
Аз ҳафтумаш-ку қасд кардагӣ барин умуман дарак набуд. Ман одатан ба ҳамон автобус меоям. Нағз мегардад, лекин баъзан... аз чӣ бошад, то як соат интизор мешавед.
Имрўз низ айни чунин ҳолат рўй дод.
Дигар автобусҳо зуд-зуд гузашта, паёпай одам гирифта мерафтанду ҳафтумаш наменамуд...
Аз интизорӣ тоқатам тоқ гардида, дар гўшаи харак аз паҳлуи як писарбачаи хушсурати ба назарам мактабхон оҳиста нишастам.
Раъд гулдурос задаву хаданги барқ синаи абрҳоро чок карда, борон аз шасташ намегашт.
Ман аз роҳи ғарқи об чашм намекандам. Дар баробари рез-рези борон хаёлам ба ҳар кўй сар мехалонд.
Фикр мекардам, ки аз мани гаранг рўзноманигор мебарояд ё не. Фикр мекардам, ки Иноят Шамсиддини даҳмарда барои ҷонбозиҳо дар набарди зидди фашизм пас аз чил сол сеюмин ордени худро гирифта, шояд сахт ба ҳаяҷон омада бошад; аз ғояти хурсандӣ ба ҳаққу ҳамсояҳо эҳтимол зиёфат ҳам дода бошад. Одами дасткушод вай, дастархондор...
Боз фикр мекардам, ки ин хоби шаб дидаам... Аҷаб, таъбираш чӣ бошад?
Ниҳоят барои чӣ дигар кас неву маҳз Марям-хола даромад ба хобам? Ҳоло вай сиҳат-саломат аст, ё ҳодисае...
Нохост назарам ба як аробаи чорчарха афтид, ки онро аспи кабуди лоғар аз канори раҳ кашола карда мегузашт. Марди кўзапуште, дар даст лаҷом, либосаш ҳама тар, ба курсии пеши ароба нишаста, чунон ки дар зери борони сахт побанди ғаму андўҳ бошад, сархам ва гўё аз кулли ташвиши дунё бехабар мерафт. Яқин пир буд аспи кабуд. Дар тани пўсту устухонаш ҷоҷо холҳои сафед дошт, ки нахустин зарраҳои ба рўи замин рехтаи барфро мемонданд. Бо вуҷуди ин ҷонвар, ёли дарозаш аз дами тези шамол парешон гардида, аробаи чархҳояш резинӣ ва пур аз қуттиҳои гуногунро ба ҳама зўри худ оҳиста-оҳиста кашида мебурд.

пешина
аз 132
навбатӣ