Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар димоғаш бўи хуши наботот...
Вай аз тирезаи кушода дақиқаҳои тўлонӣ ба берун менигарист. Нигоҳи батаассуфаш рў-рўи гулҳои сурхи шукуфону баргҳои сабзи ҳамон ягона бутта вазнин мелағжид.
Дар кафи баргу дили гулбаргҳо чун марворид қатраҳои софи борон ҷило медоданд.
Вай намедонист, ки ин буттаро кадоме аз ҳамсояҳо шинондааст; ва кай шинондааст.
Панҷ сол боз дар ҳамин бинои мавҳум зиндагӣ мекунаду намедонад.
Бале...
Инчунин намедонад, ки чӣ тавр аз зану фарзандаш овора гардида, ҳоло, дар айёми пиронсолӣ, чӣ тавр гирифтори ғаму андўҳ шудааст.
...Қариб ҳар рўз борон меборид. Баъди борон қариб ҳар рўз офтоб ё мебаромад, ё не...
Ва ў қариб ҳар рўз аз тирезаи хонаи хурд ва камбағалонааш, ки моломол аз бўи атрогини гулу гиёҳ мегардид, андешаманд ба берун нигариста, аз он буттаи шукуфон ва тару тозаи садбарг чашм намеканд; дақиқаҳои тўлонӣ аз баргу гулбаргҳои ҷавон чашм намеканду...
Ба ҳар гуна хаёлҳо мерафт.
Ин ҳолат чандин рўз давом ёфт. Пас...
Вай оҳиста-оҳиста буттаи садбарги пушти тирезаро фаромўш кард.
Хонааш дигар аз накҳати гулу гиёҳ муаттар намешуд.
Вале сабаби инро намедонист. Ҳатто ба сараш ягон фикр ҳам намеомад. Чунки басо рўзҳое буданд, ки гўё дар торикистон мезист; гўё вақту фазо барояш ҳаргиз вуҷуд надошт. Ба мағзи дардмандаш хаёлҳои ҳама гарон, ботил ва тарсовар мепечиданд.
Як бегоҳ вай пеши тиреза рафта, онро калон кушод, – дастони лоғар, қадре кабудтоб ва бемадораш меларзиданд...
Ба хона боди сард зада даромад.
Вай, ки дар зери як куртаи чиркин буд, хунук хўрд. Бо вуҷуди ин аз тиреза дур нашуда, ба берун менигарист.
Ҳоло буттаи садбарг саропо урён буд. Дар он на гуле ба назар мерасид, на барге...
Офтоб наменамуд.
Замин тира, рутубатнок.
Ва... долу дарахтони дигар низ ҳама луччак буданд.
Вай гўё шах шуда, нафасаш гиреҳ баста, дар муқобили боди сард ноҷунбон меистод.
Сараш тос ва ришаш сап-сафед расида буд. Қафаси синаи як вақтҳо фарох ва барҷастааш акнун фурў нишастааст.
Нохост ба чашмони хираи ў ашк давид. Ва ларзиду...
Балки дар худ печиду тирезаро напўшида, қафо гашт. Раҳораҳ ба кадом як шишаи холӣ пешпо хўрда, сахт тарсид, – онро зери лаб ҳақорат кард. Сипас, баъде ки шиша рўрўи фарши тахтабанди ифлос ғелида, ба девор расид ва садои гўшхарош баровард...
Худро болои кат партофт. Ба пушт хобида, муддати мадиде ба шифти нимторик чашм дўхт.
Нигоҳаш ҳамчунон хира ва ашколуд буд.
Аз тирезаи ҳар ду паллааш низ кушода ба хона боди сард медавид.
Вай аз ҷой намеҷунбид, – гуё мурда буд; аз ҷой намеҷунбиду зўр зада, номи раҳматӣ модарашро ба ёд овардан мехост. Аммо наметавонист...
Баъд вай як оҳи чуқур кашида, вазнин паҳлу гашт ва хаёлаш, ки аз фазои сарди хона ба димоғаш саҳле бўи гули садбарг нишаст.
Ва ҳамоно гум шуд.
Баъд ўро хоб бурд, хоби сангин...
Ҳар ду паллаи тирезаашро шаби дароз боди сард мекўфт.
...Вай он шаб дар хобаш ҳам ба сад азоб номи модарашро меҷусту қатъан намеёфт.
Ин саҳар ҳам вай ба мўяш шона мекашид.
Аз шишаҳои тиреза равшании офтоби баҳорон даромада, ба ҳар тора мўи хушбўяш ҷило бахшида, монанди риштаҳои бағоят борики нуқрафом оҳиста поин мелағжид.

пешина
аз 132
навбатӣ