Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мон, аввал бозорро дурусттар чарх занем.
Ба рўи мўйсафед қатрае борони сард расид. Боз як қатра ва боз... «Борон омад», – гуфт ў ба худ ва дарҳол миёнбандашро кушода, майл намуд болои думбураҳоро пўшад. Аммо дид, ки чаппаву роста шамол вазида, қатраҳои кам дар ками ғалтонро парешон мекунад; диду осуда гардид, – шояд абрҳо бартараф шаванд.
Он ду нафар рафта буданд.
Мўйсафед дар ин ҷои ҳанўз серодам ва пур аз ғалоғула ба фикру хаёлҳои худ боз танҳо монд. Вай акнун меандешид, ки дар ҳар сурат гапи кампираш дуруст, ба тўи набераашон ягон тўҳфаи арзанда баранд, кори хуб мешавад. Агар имрўз асбобаш ба фурўш рафта, ҳеҷ набошад, сад сўм меёфт, ҳамроҳи он сад сўме ки дар хонааш эҳтиёт карда мондааст, соҳиби дусад сўми нақд мегардид. Ба дусад сўм ягон қолини кироӣ харидан мумкин будагист.
Лекин ҳамон қолинро аз куҷо меёбад?
Камчин вай. Ба ҷои қолин гилеми қоқма харад, чӣ? Бештар лақайҳо мебофанд – пашмин, бақувват, рангаш ҳам диданӣ…
Баъд фикри мўйсафед ба наберааш Саидакрам банд шуд. Аҷаб писари бакитфу бозу, адабаш ба адаби даҳ духтар басӣ мекунад. Чӣ дили ҳассос дорад ў! Чӣ сон думбура менавозад! Эҳ-ҳ, даме ки ангуштони Саидакрам ба рўи торҳои соз мелағжанд, мўйсафед кўдакиашро дар хотир меорад, пойлучиашро... Он рўзҳоеро ба лавҳи ёд меорад, ки бе падар монда, дар остони Табарбой аз субҳ то шом хизмат мекарду шикамаш нони серӣ намедид.
Саидакрам акнун тракторчӣ. Мегўянд, ки дар касбаш бисёр муносиб аст. Аммо мўйсафед, танҳо мўйсафед яқин медонад
– вай на фақат тракторчии нағз, балки дар навохтан низ санъати баланд дорад.
Баъзан, дар он дақиқаҳое ки наберааш аз косахонаву торҳои думбура ягон нағмаро берун меорад, мўйсафед гаранг монда, намефаҳмад ин оҳангро кӣ мезанад – худаш ё наберааш?..
Рўзе ки Саидакрам аз хизмати ҳарбӣ баргашт, оғози тирамоҳ буд; дар боғҳо себу ангур ғарқ пухта буданд. Аз ҳар тараф бўи офтоб, бўи хуши меваҷот меомад. Мўйсафед тамоми тобистон аз дўконаш қариб берун нарафта, ба ҷои як думбурае ки дар орзуяш мегашт, шашта сохта буд. Зеро ҳар дафъа, хангоме асбоби оғоз намудаашро аз даст мебаровард, ба вай чунин метофт, ки не-е... марҳами дарду аламҳояшро ҳоло насохтааст. Дили ў талаботи дигар дорад, думбураи беҳамто мехоҳад дилаш. Ва иншооллоҳ, мўйсафед ба орзуи дерини худ мерасад.
Вақте думбураҳо асосан тайёр шуданд, ба нияте ки ранги зарди онҳоро сурх мекунад, вай дар саҳни ҳавлӣ оташ афрўхт. Агарчи Мирзокарими ҳамсояаш «ин касби ту нест, ту дар ин ҳунар нобаладӣ... ман тоб медиҳам», – гуфт, мўйсафед гардан нафуровард. Ва дар назди ў бисёр шарм дошт: паиҳам ҳар ҷоҳар ҷои ду адад думбураро сўзонда, аз ношудии худ ба ғазаб омад ва ҳар дуро ҳам дар сари зонуяш зада шикасту ба оташ андохт.
– Чӣ лозим буд! – дареғ хўрд Мирзокарим.
Вале мўйсафед, ки аз хирмани алав чашм намеканд, ба вай ҳатто нигоҳ накард. Ба кампираш ҳам – ў дуртар аз онҳо маҳзун рост меистод – назаре наафканд. Оташ аланга мегирифт, думбураҳо часаросзанон месўхтанд. Вай ба забонаҳои тези гулгун нигариста, аламнок меандешид: шояд аз он ду асбоб яктааш ҳамоне буд, ки солҳо боз дар орзуяш зиндагӣ дошт.

пешина
аз 132
навбатӣ