Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа-а... – ба худ ғурунгид ҷавон.
– Шумо аз тундар наметарсед?
– Не-е, – ҳамчунон ғурунгид ў.
– Ман чунон метарсам, ки... – гуфт занаки буфетдор ва табассум карда, дандонҳои тиллоиашро намоиш дод.
Тавре менамуд, ки куртаи шоҳии хушранг ба сари синаҳои баланди вай тангӣ мекунад. – Солҳое ки дар як деҳаи кўҳпора зиндагӣ доштем, вақти хурўши раъду барқ... аз ғояти тарс намедонистам худамро ба куҷо занам; қариб дилам мекафид. Аммо дар ин ҷо...
–
...Тарсатон камтар, – ба андак табассум давоми сухани ўро аз даҳонаш гирифт ҷавон. – Ҳамин тавр?
– Ёфтед, – хандид зан.
– Албатта... дар шаҳрҳои калон, дар ин шаҳраки шумо ҳам… – дастонашро ба ду тараф кушод ҷавон, – умуман дар ҷойҳои серодам касро барқ намезанад.
– Сабаб чӣ бошад?
– Намедонам.
Тундар наздик омада, гулдуроси он тирезаҳои ошхонаро ларзонд.
– Шумо то мондани борон… беҳтараш дар ҳамин ҷо баҳузур шинед, – гуфт занаки буфетдор, чашмонаш хумор, абрувони қаламкашидаашро тоб дода. – Чанд рўз пеш як одамро дар сари замини пахта барқ зад. Дуртар аз шипанги калхоз... Ман худам надидааму гапаш мўл шуд.
– Аҷаб, – китф барҳам кашид ҷавон.
– Шипанг ҳам месўзад. Вай дар қади раҳ... ҳоло мебинед.
– Аҷаб, – хаёлманд такрор кард ҷавон. – Ин хел ҳодиса бисёр кам рўй медиҳад.
– Воқиан, – гуфт зан ба истиғно ва аз чӣ буд, ки ҳамоно хомўш монд.
– Чӣ воқиан? – нафаҳмид ҷавон.
– Воқианаш ин ки... то куҷо сафар доред?
– Раҳам дур, – хандид ҷавон.
– То Душанбе?
– Бале.
– Агар медонистед, ки ба сайри шумо чӣ қадар ҳасад мебарам! – оҳ кашид зан. – Мани бечора аз саҳар то бегоҳ дар ҳамин ошхонаи бадбў. Ягон ҷо баромада наметавонам.
Дар димоғаш шамими атр, ҷавон ба синаҳои баланд ва дастони сафеди то соид урёни ў нигарист. Пас гўё нохост духтаракро ба хотир оварда, якбора тоб хўрд. Аммо...
Вай дар ошхона набуд. Рафта буд вай.
– Ҳисоб кунед, – саросема гуфт ҷавон.
– Чиро? – аввал нафаҳмид буфетдор.
– Об, сигарета...
Ҷавон аз киса пул бароварда, болои пештахта партофт ва зуд кулоҳашро ба сар кашид.
– Меравед? Андак истед... раъду барқ гузарад, – акнун бархоставу ба гунаҳояш сурхӣ дамида, маънидор мегуфт зан. – Тар мешавед. Боз ин ки...
– Саломат бошед!
Вай тохта аз ошхона баромаду...
Дар мобайни раҳ истода, ба чор тараф чашм давонд. Духтарак наменамуд; гўё гум гашта буд, тамоман... Ба сари шаҳрак чодари тираи шаб фуромада, гоҳ-гоҳ аз шамшери оташини барқ пора мешуд.
Ҷавон боз як маротиба атрофро аз назар гузаронд. Вале беҳуда – шаҳрак дар зери шохборон монда...
Ба худ фурў рафта буд. Гўё мурда буд!
Вай дасткаши сиёҳи дарозро пўшида, ба як зарби пой маторро ба кор даровард ва савори мататсикл...
Худро ба оғўши тундар андохт.
Барқ паёпай оташ афрўхта, дар оинаи чашмони мешиаш акс меёфт; ба кулоҳи сурхи ялақосиаш равшанӣ меафканд.
Ва ҷавон...
Дар ҳолате ки аз раҳи хилват ба суръати баланд мататсикл меронд, он духтараки нигоҳаш нарму маъсумро боз дар хотир оварда, ба як ҳисси ноошно, вале дар айни замон бисёр гарм аз дил мегузаронд: оё бори дигар сурати ўро медида бошад?
Не, аз афти кор...

пешина
аз 132
навбатӣ