Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайр, ба гузашта салавот, – дар лабони хушобаш табассуми малеҳ дамида, аз табақча боз як дона мавиз мегирад Шаҳзода. – Ман акнун равам... Исто, ки утуи маро намедиҳӣ? Чанд куртаи акаатро шуста будам... Дирўз каме ғурғур кард.
– Ку бинам, – мегўяд Ситора ва ба хонаи дигар гузашта, ду-се дақиқа баъд дасти холӣ бармегардад. – Ҳушу ёдам ба ақрабои Икром… куҷо мондаам, ки наёфтам, апа. Ҳоло пасу пешамро дурусттар дида, худам дароварда медиҳам.
– Ин тавр бошад... – лаҳзае хаёлманд лаб мегазад Шаҳзода. – Хуб, ман рафтам.
– Омада ист, охир!
– Метарсам, ки мабодо аз гуфтаҳои ман хафа шавӣ.
– Наход, апа...
Ситора беихтиёр тасмаи хилъаташро дубора кушодаву аз сари нав баста, аз пушти ҳамсояи болобаланд ва зебояш, ки сабук бархоста, ҳамчунон сабук ба даҳлези нимторик мебарояд, лоқайд қадам мемонад. Ва гўё ланҷ шуда бошад, ҳолаташро чандон тағйир надода, чароғи он ҷоро дармегиронад. Шаҳзода боронӣ ва сумкаашро аз чанги кашак чаққон ба даст оварда, мехоҳад равад. Вале худи ҳамон лаҳза писаракони дўстрўи Ситора – акаву додар дар назди вай ҳозир мешаванд.
Чашмони маъсумашон аҷаб интизор...
Шаҳзода боз қуфлаки сумкаашро мекушояд; ба онҳо боз дутаӣ қанди коғазпеч медиҳад. Ва сарашонро ба меҳр сила мекунад.
– Воқиан... пул дорӣ? – баногоҳ мепурсад Ситора. Шаҳзода аввал ҳайрон шуда, суоли ў ба чӣ маънист, ҳатто нафаҳмида, пас ҷиддан мегўяд:
– Ҳамин ҳозир? Ба худам?
– Ҳа-а... – ба хоса истиғно мад мекашад Ситора.
– Доштагистам як-ду сомонӣ, – гўё даступо хўрда, акнун механдад Шаҳзода.
– Ба ман зиёдтар лозим. Зарур шуд...
Агар не, ҳаргиз намепурсидам.
– Мақсад – пинҳонӣ аз Икром боз ягон чиз харидан?
– Мабодо шавҳарат... яъне акаам фаҳмад, а! Ҳамҷигар ки ҳастем, чӣ тавре мегўянд...
сиррамон пўшида беҳ.
– Ман ҳеҷ сир надорам.
– Аммо ман дорам. Кам-кам... – абрувони зиёда дарозашро боло мекашад Ситора. Ва андомаш якбора ба назар хунук мерасад.
– Лекин ҳай латтапарастӣ! – беозор мегўяд Шаҳзода.
– Майлам ин дафъа латта не, апа. Худои меҳрубон агар хоҳад, ангуштарӣ!
– Боз аз чӣ хелаш? Кадом рўз меболидӣ, ки дорам даҳдувоздаҳта...
– Э инаш беҳамто. Майдаи гиро, чашмакаш каб-кабуд, банури банур. Як шиносам фурўхтанӣ, – дармондааст бечора. Коре кардам, ки оқибат ба ҳафтод сомонӣ розӣ шуд. Арзони хоки сиёҳ...
Майда бошад ҳам, тиллои ҷаъфарӣ, а!
– Аҷаб, – гаранг даст ба даруни сумкааш мебарад Шаҳзода. – Ҳар чӣ дорам, ана...
се панҷсомонӣ.
– Ниятам билкул соф будааст, апа: айнан ҳамин қадар намерасид.
– Хуб, ҳоло бигир.
– Ягон ҳафта пас бармегардонам.
Ҳатман... – мегўяд Ситора, пулро зуд ба кисаи хилъаташ андохта.
– Албатта, соҳиби сарат Икроми заҳматӣ ки ҳаст, дилпурӣ.
– Сабил монад, охир... ноёб метобад он қабил ангуштарӣ! Аслан хеле пул дорам.
Лекин... ҳар бор ба худат мегўям-ку:
ҳамааш саддолларӣ. Ягонтаашро майда кунам, баъд ана... меравад об барин, гум мешавад дар кафи дастам, несту нобуд мешавад.
– Рост, ҳар боре ки пул лозим бошад, гўё дар омади гап мегуфтӣ – чанд саддолларӣ дораму аз майда кардан сахт метарсам.
– Чӣ илоҷ, қисмати мо ҳамин. Ҳушу ёдамон мудом ба каму кости оила, ба сарфаву саришта.

пешина
аз 132
навбатӣ