УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Ҳа-аъ, дипломи сурх дорам, – даст меафшонад Ситора. – Лекин осон нест дар ин замонаи бераҳм кори нағз ёфтан. Як азоби алим.
– Барои чӣ? Дар ҳама ҷо бухгалтер лозим.
Рўзномаҳо саҳифа-саҳифа пури эълон...
– Рост, талабгор бисёр. Аммо маошатро пурсӣ, қариб миннат карда мегўянд, ки чил сомонӣ, панҷоҳ сомонӣ, зиёдаш сад сомонӣ... Ба ин маблағ кадом каҷи кас рост мешавад?
– Ту худат чанд мехоҳӣ?
– Ақалан баробари дусад доллар бошад, ки дипломи сурхи одам ҳайф нашавад.
– Ман ин хел маошро ҳатто дар хоби шабам намебинам. Агарчи дар ихтисос муаллимаи дараҷаи олиам, ба дастам фақат шаст сомонӣ мерасад. Боз шукр мегўям, ки аҳволамон беҳтар шудааст.
– Куҷояш беҳ? Гўри торик... Хулоса, то дар ягон созмони байналхалқӣ кор наёбам, ба чил сомониву панҷоҳ сомонӣ қадрамро паст заданӣ нестам.
– Инаш дар ихтиёри худат.
– Баъд... вай, охир, мард аст! Дигарон аз куҷо қатор-қатор хона мехаранд, ҳавлӣ месозанд, мошинҳои нағз-нағзи хориҷӣ доранд? Вай ҳам тозад, безад, ёбад...
Намемурдагист.
– Ҳар чӣ бошад, иттифоқ кунед. Беҳтарин давлат аст якдигарро наранҷонда, орому осуда умр ба сар бурдан. Ё нодуруст мегўям?
– Ман ўро наранҷондаам. Фақат мехоҳам, ки шарманда шуда нагардем дар байни мардум. Ҳеҷ натавонад, зудтар дасти бачаҳояшро ҳалол кунад; баъд ана... ягонта мошин харад. Шон кай пули калон меёбад гуфта, ду чашмам чор, ҳамин хел даҳанвоз шинам?! Ғайр аз ин оё бад аст, одам агар дар пеши дўсту душманаш сарбаланд бошад, ба забони дароз гардад?
– Надонистам... – мегўяд Шаҳзода хаёлманд ва ба рўи вай маънидор назар давонда, даме сукут меварзад. Пас хушнуд ба забон меорад: – Воқиан, дирўз Ратмир омада буд.
– Ратмираш кӣ? – мепурсад Ситора ба оҳанге ки гўё як қад парида, аз хоби бисмил бедор шудааст.
– Акнун фаромўш кардӣ?
– Рост мегўям, охир, – намедонам...
– Ҳамон Ратмир Александрович, ки хонаашро зуд харидед, – дастони зебо ва беғубори то соидҳо урёнашро кушода, ба чор тараф хандон ишора мекунад Шаҳзода.
– О дар вақташ он майор кўчида, Русия рафта буд. Панҷ сол мешавад, балки зиёдтар...
– Ҳоло палковник. Чанд рўз пеш ба сафари хидматӣ омада, дилаш кашидааст, ки фурсат ёфта, моро низ бинад, камтар сўҳбат кунад. Беш аз даҳ сол ба вай ҳамсоя будем.
– Баъд як даҳан хабар надодӣ? – хотираш қадре озурда, гилаомез мегўяд Ситора.
– Дукаса даратро задем. Аммо садое набаромад аз дарун... – банамак табассум мекунад Шаҳзода.
– Кай?
– Ҳамин дирўз, шомгаҳ.
– Аз лиқои хешу табори Икром сер шуда, ахир бачаҳоро гирифта, хонаи бародарам рафта будам... Афсўс, надидамаш.
– Киро? – гўё таҳтан нафаҳмида бошад, бардурўғ мепурсад Шаҳзода.
– Ҳамон мардаки русро... – механдад Ситора.
– Ҳа-а-а, – мад мекашад Шаҳзода. – Ба ту салом гуфт.
– Ташаккур. Зиндагии онҳо албатта нағз.
Мо барин шабу рўз мўҳтоҷи пул нестанд.
– Чаро? Ману акаат ба вай хеле сўҳбат доштем. Дар сари як пиёла чой гуна-гуна мисолҳо оварда, таъкид мекард, ки ба одамони ҳалол дар Русия низ серу пур рўз гузарондан мушкил аст. Боз ҳамон сарфаву саришта лозим.
– Хайр, ба ту ягон чиз овард? Лекин росташро гўй, апа...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё