Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тоҷикии китобаш ошно шудааст. Фаҳмидааст, ки дар вақти тарҷума зиёд ихтисор кардаанд. Бисёр хашмгин шудааст. Ба Кумитаи Марказӣ, Совети Вазирон рафтааст, доду фарёд кардааст. Аз ҳамин рӯ ба масъулон зиёд сарзаниш омадааст. Фармон омадааст, ки китоби “Тоҷикистон” пурра, мукаммал, беихтисор, дубора чоп шавад. Дубора тарҷумон кофтанд, ҷустанд. Масалан, маро ҷеғ зада гуфтанд:

-Биё, акнун илоҷ нест, пурра тарҷума кун. Ман гуфтам:

-Не, ман ин корро намекунам. Аввал мекардам, ки он вақт ба ман пул даркор буд. Дар охир ба ин кор Абдуқодир Маниёзов розӣ шуданд. Он ҷойҳоеро, ки тарҷумон дар вақти тарҷумаи якум ихтисор карда буд, партофта буд, бояд ҳамон ҷойҳоро дубора барқарор мекарданд. Бисёр ҷойҳои китоб эҳтиёҷ ба тарҷумаи нав надошт. Фақат ҳамон қисмҳои табиатшиносӣ. Аммо Абдуқодир натавонистаанд.
Бисёр душвор будааст ёфтани он чизе, ки ихтисор шуд. Бинобар ин китобро аз сари нав пурра тарҷума карданд.

пешина
аз 117
навбатӣ