Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Акнун Аҳмад Зоҳир дар андешааст, ки чаро Маҳбубуллоҳ ба қасди ҷони ӯ мегардад ва ё бо бадхоҳонаш забон як кардааст. Охир, Аҳмад Зоҳир бо Маҳбубуллоҳ ба ҷуз некӣ дигар коре накардааст. Ба ҳар ҳол эҳтиёт бояд кард. Бо ҳамин хотир ӯ ба завҷааш мефармояд, ки дарвозаи хонаро ба рӯи Маҳбубуллоҳ аз ин ба баъд дигар накушояд.
Чанд рӯз Фахрия ин фармоиши Аҳмад Зоҳирро ба ҷо меорад. Чанд бор Маҳбубуллоҳро аз паси дар ҷавоб медиҳад. Вале ҳамон рӯзи фоҷиа ӯ ин корро карда наметавонад. Зеро дар паси дарвоза Маҳбубуллоҳ не, балки хоҳарони ӯро мебинад ва дарро мекушояд. Чун дарвоза кушода мешавад, Маҳбубуллоҳ низ дар баробари хоҳаронаш худро аз кунҷе дохили ҳавлии Аҳмад Зоҳир мекунад. Баъди сӯҳбати кӯтоҳе Аҳмад Зоҳир ва Маҳбубуллоҳ ба берун мебароянд. Дар ин ҷо онҳоро Шаҳноз ва Шакило ном ду духтаре дар мошини Аҳмад Зоҳир, ки онро як рӯз пеш Маҳбубуллоҳ гирифта буд, интизор буданд.
Шаҳноз ва Шакило, хоҳарон, духтари Хонмуҳаммади пурзафурӯши (қисмҳои эҳтиётии мошинҳо) панҷшерӣ буданд. Хонмуҳаммад чанде қабл ба яке аз зиндонҳои сиёсии Кобул кашида шуда буд. Шаҳноз 17-сол дошт. Шакило бошад 15-сола буд. Ҳарду дар лисаи Зарғунай Кобул таҳсил мекарданд. Яке дар синфи 11 ва дигаре дар синфи 7. Бино ба навиштаи Раззоқи Момун дар мақолаи "Аҳмад Зоҳир чӣ гуна террор шуд?" овозхон Шаҳноз ва хоҳари ӯ - Шакилоро хуб мешинохтааст. Ҳатто Шаҳноз интизор доштааст, ки Аҳмад Зоҳир дар оянда бо ӯ издивоҷ хоҳад кард. Самади Дор-Дор ба нависандаи ин сатрҳо дар таҷлили зодрӯзи Аҳмад Зоҳир дар ҳутели Интерконтинентал соли 2005 бо ишора ба як гӯшаи ин ҳӯтел гуфт, ки айнан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё