Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

БАҲД О НОЗАНИНИ МАН
ЗИ МАН ТУ САРГАРОН БОШӢ

Баъди мушкилоти пай дар паи охир Аҳмад Зоҳир шадидан хаставу шикастарӯҳ ба назар мерасид. Падар, аппааш Зоҳира, бародараш Осиф, хоҳараш Билқис ва дигар наздикону дӯстонаш саъй мекарданд, то овозхони маҳбубро аз вартаи мусибатҳои эҳтимолии дигар наҷот бидиҳанд.
Бо вуҷуди мушкилотҳои зиёде, ки болои сари ӯ яке паси дигаре буруз мекарданд, Аҳмад Зоҳир лаҳзае аз эҷод кардани тарона бознамондааст, мухлисони сершуморашро аз шунидани овози пурзӯҷозаш бенасиб нагузоштааст. Дарду андӯҳи дарунӣ, сӯзиши қалби зебопарасташ гӯё муҳаррикони саманди илҳомаш буданд. Бино ба шоҳидии устод Ҷӯрабек Назриев, ки ба Аҳмад Зоҳир моҳи феврали соли 1976 робитаи дӯстӣ барқарор кардааст, он айём овозхони маҳбуб ҳаёти муҷаррадонаеро ба сар мебурдааст. Вале ҳамон вақт Аҳмад Зоҳир аз мавҷудияти зане дар ҳаёташ ҳарф мезадааст, ки ӯро хеле дӯст медоштааст ва ҳатто боре ба Ҷӯрабек Назриев аксашро нишон додааст. Ин тақрибан се сол пеш аз марги нобаҳангомаш будааст.

Фахрия зани сеюми Аҳмад Зоҳир дар сӯҳбат бо журналист Муҳиддини Олимпур аз Аҳмад Зоҳир ёд карда аз
ҷумла мегӯяд: "Аҳмад Зоҳир зиндагиро хуш дошт. Ҳамон
тур, ки худаш лаззат мебурд, мехост, ки нафари дигаре, ки
ҳамроҳаш ҳаст, лаззат бибарад. Ва ма аз Аҳмад Зоҳир як
чизе, ки ҳамеш ба пеши ма ҳаст, ин аст, ки ӯ як инсоне буд,
ки беандоза дили калон дошт, бисёр меҳрубон буд. Аҳмад

пешина
аз 338
навбатӣ