Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
бар асари он моҷаро ӯро ба ҳабс мегиранд. Дафъаи дуввум бо иттиҳоми даст доштан дар куштори Холида 6-моҳ ба маҳбас кашида мешавад. Вале баъдан бегуноҳии ӯ исбот мегардад ва ӯро дар рӯзи марги модараш озод мекунанд. Маротибаи сеюм тахминан моҳи феврали соли 1979 бо баҳонаи "Такмили парвандаи Холида", вале дар асл бо мақсадҳои сиёсӣ ӯ ба зиндон андохта мешавад.
Баъзе муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки мазоқ карданҳову луқмапартоиҳо дар ростои Муҳаммад Довудхон ва Нурмуҳаммади Тарақӣ дар ҷараёни консертҳои маҳфилиаш дар борҳо зиндонӣ шудани ӯ низ бетаъсир набудаанд.
Сурудҳои "Аз тангнои маҳбаси торикӣ", "Аз пеши ман бирав, ки дилозорам", "Вақте ки дилтанг аст, фойдаш чӣ озодӣ?", "Тарсам озод насозад зи қафас сайёдам", маҳсули эҷоди давраи бори дуввум зиндонӣ шудани овозхон мебошанд. Умуман, ҳамин давраи зиндагонии Аҳмад Зоҳир, яъне даврони баъд аз ҷудоӣ бо Ночия мушкилтарин даврони ҳаёташ аст. Дар ҳамин давраи маҳбусиаш модари ҳанӯз ҳам ҷавону вафодораш, дигар ба ин ранҷу дарду ғам ва зиндаҷудоӣ аз фарзанди дӯстдоштааш тоб наоварда вафот мекунад. Аҳмад Зоҳирро аз маҳбас рост ба болои тобути модар меоранд. Дидори рӯи модари фавтида Аҳмад Зоҳирро ба ҳолати шок меорад ва ӯ дар ин лаҳза дар ҷамъи мардум ба тани худ чанд корд мезанад. Танҳо даҳолати оҷили духтурон ва амалиёти ҷарроҳӣ Аҳмад Зоҳирро аз марги ногузир наҷот медиҳад.
Воқеан, сурудҳои "Эй Худо, модари ман боз ба ман деҳ" ва "Бинозам қалби покат, модари ман"-ро Аҳмад Зоҳир дар ҳамин рӯзҳои азодорӣ бар марги модараш гуфтааст. Матни таронаҳо моли худи Аҳмад Зоҳир мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё