Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ОХИР ШИКАСТ БОДИ АҶАЛ
ШОХИ АРҒУВОН
Афсӯс рафт аз сафи мо Зоҳири ҷавон,
Охир шикаст боди аҷал шохи арғувон.
Эй чархи кинасӯз, чаро кардай чунин?
Бингар зи марги Зоҳири мо нолаву фиғон.
Эй хоки тира, ҳар чӣ дилат хост, кун, вале
Дигар чунин ҷавон ту макун дар дилат ниҳон.
Ин марсияро Раҳими Меҳриёр, овозхони шинохтаи афғон дар солгарди аввали марги Аҳмад Зоҳир гуфтааст.
ДАР ҲАР КУҶО, КИ БУДЕМ,
ЗОҲИР БА ЧАШМИ МО БУД
Эй осмони сангдил, тақдири дил мадоро,
Бурдӣ ба номуродӣ он нури чашми моро.
Дар ҳар куҷо, ки будем Зоҳир ба чашми мо буд,
Дар маҳфили азизон, дар ҷамъи шамъи дилҳо...
Ин марсияро овозхонон Ҳабиб Шариф ва Аҳмад Ҷовид дар солгарди дуввуми марги Аҳмад Зоҳир аз тариқи барномаи "Даричаи зиндагӣ"-и радиои Кобул сурудаанд.
Мутаассифона, матни пурраи он дар даст нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо