Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ЗОҲИР КУҶО РАФТӢ?

Зоҳир куҷо рафтӣ?
Бо мо чаро бастӣ?
Қалби азизонат,
Аз ғам ту бишкастӣ!

Ба марги бехабар дилҳо шикастӣ,
Ҳазорон марду зан дар ғам намудӣ.
Ҳамон вақте, ки тобути ту бурданд,
Замину осмон бар ту гиристанд.

Чӣ ғавғое бидидам бар мазорат,
Тамоми ҳамватанҳо дар канорат.
Ҳама гуфтанд, ки Зоҳирҷон намурдаӣ,
Вале афсӯс, сад афсӯс, сад афсӯс.

Мазорат меравам бо оҳу афғон,
Садоят мекунам Зоҳир ба гирён.
Ба сели ашк шӯям ман мазорат,
Амонҷурат ҳамеша доғдорат.

Марсияи овозхон ва журналист Забеҳуллои Амонёр, дар рӯзи солгарди аввали марги Аҳмад Зоҳир бо оҳанги "Худо бувад ёрат" гуфтааст.

пешина
аз 338
навбатӣ