Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

зикрашон рафт, чӣ чиз ҳақиқатасту чӣ чиз не? Аҳмад Зоҳирро кӣ кушт?

Аслан, ана ҳамин аст номгӯи саволҳое, ки ман мехоҳам дар ин навиштаи худ ба онҳо ҷавоб гӯям. То чӣ андоза ба он муваффақ хоҳам шуд, хонандаи азиз, дар хотима худи Шумо қазоват хоҳед кард.

ЭЙ БУЛБУЛИ ШӮРАНГЕЗ,
ШӮРИ ТУ ШАРАРБОР АСТ

Аҳмад Зоҳир рӯзи панҷшанбеи 23 ҷавзои 1325 ҳиҷрии шамсӣ мутобиқ ба 14 - уми июни соли 1946 дар шаҳри Кобул дар оилаи як корманди давлатӣ таваллуд ёфтааст.
Падараш доктор Абдузоҳир (1910-1980) аз вилояти Лагмон буд ва хеле барвақт ба Кобул омадааст. Миллати ӯро бархе тоҷик, иддае пашту ва баъзе ҳатто араб мегӯянд. Ва аммо аксарият ба ин назаранд, ки аз паштуҳое мебошад, ки дар хона тақрибан ҳама вақт ба забони дарӣ-форсӣтоҷикӣ ҳарф мезаданд. Модари Аҳмад Зоҳир хонум Курайшаро аксаран аз форсигӯёни шаҳри Кобул, аз хонаводаи ашрофзодаҳо гӯянд. Абдузоҳир маълумоти олиро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар риштаи сиҳати омма гирифтааст. Баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ ӯ ба ватанаш баргашта аз рӯи тахассуси хеш ба кор оғоз мекунад. Баъди як муддати муайяне шоҳи вақт Муҳаммад Зоҳиршоҳ ӯро ба ҳайси духтури хусусии хеш ба кор даъват менамояд. Ва дар ин самт то ба вазифаи вазирии сиҳати омма мерасад. Сипас раиси Парлумони кишвар интихоб мешавад. Баъдан чанд муддат ба ҳайси Садри Аъзами Афғонистон

пешина
аз 338
навбатӣ