Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Моҳи сентябри соли 2002 баъди чандин сол, вақте ӯ ба Кобул барои ширкат варзидан дар маросими бузургдошти солрӯзи ба шаҳодат расидани сипоҳсолори бемисл Аҳмад-шоҳи Масъуд баргашт, ӯро ҳанӯз ҳам дар он ҷо хуб дар ёд доштанд ва хеле гарм пазироӣ карданд. Суханрониҳои Меҳриннисо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарии Кобул, махсусан телевизиони он қарор гирифта буд. Барномаи маъракаи бузургдошти Аҳмадшоҳи Масъуд хеле пурмуҳтаво тартиб ёфта буд. Вале бо вуҷуди ин шоира тавонист вақт пайдо кунаду бо ҳамроҳии гурӯҳе аз дӯстон марқади ин хунёгари бузурги Шарқро зиёрат кунад.

ЧУ МАРҲАМ БО СУРУДАТ ДАРДҲОЯМРО ДАВО КАРДӢ

Дар яке аз бобҳои ин рисола, дар боло мо гуфтем, ки зуҳури Аҳмад Зоҳир ба арсаи санъати мусиқӣ дар Афғонистон ба мардуми Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон, таъсири хеле амиқ гузошт. Шоираи маҳбуб Фарзона ин гуфтаҳои моро дар либоси шеър ҳанӯз 15 - 20 сол қабл аз мо хеле зебо гуфтааст. Дар шеъри "Фиғони халқе, ки Аҳмад Зоҳирро офарида" ӯ мегӯяд:

Суруде ҳамчу пайғоми ҳаёт ояд ба гӯши ман,
Суруде, ки сукунатро кушод дар мулки хоболуд!
Ту дар ман зода гаштӣ ҳамчу пайғоми саодатҳо,
Чу марҳам бо сурудат дардҳоямро даво кардӣ.
Ту якто будӣ, аммо дар бузургӣ он чунон будӣ,
Ки нуқсамро расо кардӣ, сукутамро наво кардӣ!

Дар шеъри дигараш, ки "Ҳамоҳанги борон" ном дорад

пешина
аз 338
навбатӣ