Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Гули сангам, гули сангам,
Чӣ бигӯям аз дили тангам.
Мисли офтоб агар бар ман,
Натобӣ, сардаму берангам.

Аз Акбаралӣ феълан дар куҷо будани ҳамсояаш Алиризоро ҷӯё шудам. "Вақте тӯпҳо садо медиҳанд, торҳо хомӯш мешаванд, мегӯянд дар урфият", - гуфт Акбаралӣ. Ҳангоме ки фазои беғубори кишвари азизи моро оташу дуди ғализи ҷанги таҳмилӣ фаро гирифт, дигар ҷои гулпарастиву ҳунардӯстиро зӯриву қатлу ғорат ишғол кард. Алиризои озарӣ чун ҳазорҳо намояндагони қавму миллатҳои дигар ба хотири наҷоти ҷони худу фарзандонаш Тоҷикистони азизи моро ба қасди Ватани аҷдодиаш тарк гуфт.

Алиризо қабл аз сафар барои худоҳофизӣ ба ҳавлии ман даромад. Рамзи дӯстӣ хостам ба ӯ як кассетаи Аҳмад Зоҳирро барои ёдгорӣ тӯҳфа намоям. Ба нияти мутмаин шудан, ки кассета ҳақиқатан ҳам кассетаи Аҳмад Зоҳир аст, онро ба магнитофон гузоштам. Садои Аҳмад Зоҳир баланд шуд:

Ало ёрҷон хатар дорад, ҷудоӣ,
Ниҳоли бесамар дорад, ҷудоӣ.
Биё, ки мову ту як ҷо нишинем,
Ки марги бехабар дорад, ҷудоӣ.

Ашк дар чашмони Алиризо ҳалқ зад. Ӯ маро сахт ба оғӯш кашиду талх гирист...
Ду сол баъд хабари марги Алиризоро шунидам...

пешина
аз 338
навбатӣ