Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ЧАМЪЕ БА ТУ МАШҒУЛУ
ТУ ҒОИБ ЗИ МИЁНА

Дар Тоҷикистони мо, махсусан дар шаҳри Душанбе, солҳост, ки як маҳфили ғайрирасмии дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир фаъолият мекунад. Дар дигар кишварҳо чунин маҳфилҳоро маъмулан "Фанклуб" меноманд, яъне "Клуби дӯстдорон". Шарти асосии ширкат дар ин маҳфил танҳо ёд кардан аз Аҳмад Зоҳиру осори ӯ бидуни даҳолат намудан ба мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоии рӯзгори имрӯза мебошад. Дар ин маҳфил ҳар як шахс новобаста аз мансубияти милливу мазҳабиву ҷойгоҳи иҷтимоӣ метавонад ширкат дошта бошад ва фикру андешаи худро нисбати Аҳмад Зоҳир ва осори ӯ бигӯяд. Фикру андешаҳо бояд ба гунае бошанд ва ба тарзе гуфта шаванд, ки онҳо ба тарғибу таблиғи Аҳмад Зоҳир ва осори ӯ ва равнақи донишҳои фарҳангии ҳар як иштироккунандаи ин маҳфил, камолоти шахсии он мусоидат кунанд. Муҳимтар аз ҳама ба иззати нафси касе нарасанд. Маҳфилҳо асосан дар рӯзи таваллуд ва марги Аҳмад Зоҳир ва рӯзҳое, ки дар хонаҳои яке аз ширкаткунандагони ин маҳфил маъракаҳои хурсандӣ баргузор мегарданд ва он шахс довталабона хоҳиши сарҷамъ кардани аъзоёни маҳфилни дар ин рӯз дорад, барпо мешаванд. Аъзои ин маҳфил метавонанд пиру ҷавон, марду зан, аз бесаводи ноогоҳ то профессори донишгоҳ буда бошанд ва ҳамин гуна низ ҳастанд. Аз ҷиҳати касбу кор аз аробакаши бозор шурӯъ карда то узви вобастаи Академияи Илмҳо, аз ҷиҳати синну сол аз хонандаи

пешина
аз 338
навбатӣ