Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

беолоиш ва саршор аз меҳру муҳаббати онҳо ба зиндагӣ, ба Ватан, ба инсонҳо, аз дидани ин бадбахтиҳо, ки ба сари инсонҳову миллати бечораашон меомад, лат нахӯранд, ҷароҳат набардоранд. Чи тавре, ки ин кор бо овозхонҳои маъруфи тоҷик Одина Ҳошими нотакрор, Тоҷиддин Муҳиддини маҳбуби ҳама, Хурмо Ширини зеби саҳна иттифоқ уфтод. Дили кӯчаку доғдори онҳо ба азиятҳое, ки инсон болои инсон мекард, ба он мусибатҳое, ки кишварашон онро таҳаммул менамуд, ба он дарду ранҷҳое, ки мардуми овораи садпора медид, дигар тоб наоварданд ва таркиданд. Ҳисороти таркиши ин гуна қалбҳо аз таркише ё фурӯпошии биноҳои осмонбӯс ба чандин маротиба бузургтар ва шадидтар аст!

АГАР ИН ОСМОН
СИТОРА НАДОШТ

Аҳмад Зоҳир имрӯз ҳам барои ҳунари овозхонӣ ё худ санъати мусиқии тоҷик ба мисли як чашмаи софу бегаше, ки аз он замини ҳосилхезе шодоб мешавад, хизмат мекунад. Бо гузашти беш аз 33 сол аз марги ӯ, дар саҳнаи ҳунари овозхонии тоҷик имрӯз ҳофизонеро мебинем, ки ба эҷодиёти ин нобигаи санъат рӯ овардаанд, таронаҳои ӯро бо як муҳаббати беандоза бузург иҷро мекунанд, ба репертуари худ ҷой медиҳанд. Ба ин гурӯҳи овозхонҳои насли наве, ки ба Аҳмад Зоҳир рӯ овардаанд, Қурбоналӣ Абдуллоев, Азизи Ваҳҳоб, Абдули Саодатшоҳ, Субҳон Саид, Муборакшо, Фурқати Саид, Парвизи Пӯлодӣ, Зулфиқори Азиз, Наҷмиддини Қаландар, Усмоналии Раҳмат, Ҷамшеди Низом, Садриддини Наҷмиддин, Сӯҳроби Маҳмуд, Баҳодури Ғафурзод, Шаҳроми Абубакр ва дигаронро

пешина
аз 338
навбатӣ