Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ва сабаби дар ҷавонӣ аз байн рафтанаш низ дар ҳамин будааст. Шояд коргардони филм айнан ҳамин чизро мехостааст ба тамошобин талқин намояд ва бигӯяд, ки шароб модари бадиҳост ва касе дилдодаи он аст, оқибаташ ҳамин аст. Аммо мутаассифона, дар ин самт чандон комёб набудааст. Ва ин саҳнаҳои зиёди арақхӯрӣ ба назар ҳамчун як навъ ташвиқи ин амал мерасанд. Тибқи маълумоти дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир овозхон баъди издивоҷ кардан бо зани сеюмаш Фаҳрия аз рафтан ба чунин маҳфилу маъракаҳо худдорӣ менамуд. Ва умуман дар замони пеш аз издивоҷ бо Фаҳрия низ ба ин корҳо чандон дилбастагие надошт. Аз ин рӯ ин лаҳзаи ҳаёти Аҳмад Зоҳирро дар навор муҳим арзёбӣ кардан чандон аз рӯи адолат нест. Ба ҷои ин агар коргардони филм аз даъватҳои Аҳмад Зоҳир барои нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар ва таҳким бахшидан ба ваҳдати миллии афғонҳо сухан мегуфт, ҳам ба ҳақиқат наздик ва ҳам аз манфиат холӣ намебуд.
Номи филм "Аҳмад Зоҳир-алмоси Шарқ" моро умедвор месохт, ки дар он лаҳзаҳоеро хоҳем дид, ки аз маҳбубияти ин хунёгари бузург дар мамолики Шарқ ҳиссаҳо хоҳанд кард. Вале, мутаассифона, ҳатто Маланге, ки яке аз образҳои муваффақи ин филм ба шумор меравад (алалҳусус лаҳзаи зери таъсири садои Аҳмад Зоҳир ба самоъ рафтанаш), вақте ки ин ибораро ба забон овард, шарҳ надод, ки алмоси Шарқ, - яъне чӣ?
Таҳиягарони филм метавонанд даъво пеш оваранд, ки лаҳзаи рақси духтарони куртаичаканпӯш, ки асосан хоси тоҷикон ҳаст, ба ҳамин мақсад буд. Вале бояд гуфт, ки дар бораи маҳбубияти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон имкон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё