Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

алоҳидае, ки дар якҷоягӣ рӯди хурӯшонро ташкил медиҳанд, оҳанги дилнишини валсиеро тавлид намудаанд, ки ҳам ба шунаванраи ғарбӣ ва ҳам шарқӣ баробар мақбул аст. Суруду таронаҳои "Шабҳои зулмонӣ", "Ба дили ман шарар афрӯз, сиёҳчашмонам", "Гар кунӣ як назора мезебад", "Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид", "Оҳ, чӣ хуш омадӣ, сафо кардӣ", "Шодӣ кунед, эй дӯстон, ман шодаму осудаам", "Эй дуздида чашм аз оҳу", "Дузди ишқам ману дишаб раҳи дилҳо задаам" ва ба инҳо монанд дар сабки мусиқии аврупоӣ гуфта шудаанд. Аҳмад Зоҳир ба дӯстони наздикаш ҳамеша мегуфтааст, ки ӯ ҳаводори ҳунарманди боистеъдоди амрикоӣ, ки дар ҳамон вақт дар олами мусиқии Ғарб инқилоберо оварда буд, Элвис Пресли мебошад. Ба шоҳидии Сафиуллоҳи Субот тарзи либоспӯшӣ, гуфтор ва ҳаракатҳои Аҳмад Зоҳир дар саҳна ҳангоми ҳунарнамоӣ баъзан тарзи рафтори Элвис Преслиро ба хотир меовард. Ӯ зоҳиран низ ба Элвис Пресли монанд буд. Элвис Пресли аз ҷумлаи он овозхонҳое буд, ки дар солҳои 60 - 70 - уми асри гузашта дар муаррифии мусиқии "ҷаз" хеле хизматҳои бузурге кардааст. Ӯро "Шоҳи рокн-ролл" мегуфтанд.

Аз овозхонҳои русӣ хонум Эдита Пиеха соли 1979 дар як сафари худ ба Афғонистон дар маҳфили пазироие таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мешунаваду шефтаи садову таронаҳои ӯ мегардад. Дар ҳамон ҷо аз Аҳмад Зоҳир хоҳиш мекунад, ки яке аз кассетаҳои худро ба ӯ диҳад. Эдита Пиеха ба Аҳмад Зоҳир ваъда медиҳад, ки дар ҷараёни сафари навбатиаш ба Афғонистон ҳатман таронаҳои Аҳмад Зоҳирро дар ҳузури ӯ хоҳад хонд.

Вале мутаассифона, марги нобаҳангоми Аҳмад Зоҳир,

пешина
аз 338
навбатӣ