Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

баъзе аз дӯстони тоҷики Аҳмад Зоҳир ҳам дар ин бора ишораҳо кардаанд.

Баъд аз шодравон Муҳиддини Олимпур ҳар сол ҳамчун анъана корманди дигари бахши форсии Би-Би-Си Зарринаи Хушваҳт ва Зеваршоҳ барномаҳои вижаеро бахшида ба ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар рӯзи таваллуд ва марги ӯ таҳия ва пахш менамоянд, ки хеле муассир ва боаҳамиятанд.

Чизи дигаре, ки хеле муҳим ба назар мерасад, ин аст, ки аз соли 1997 сар карда, дар Тоҷикистон бо ибтикори як гурӯҳ овозхонҳои ҷавони тоҷик ва бархе аз дӯстони афғонӣ, ки муқими Тоҷикистон ҳастанд, рӯзҳои ёдбуди Аҳмад Зоҳир ташкил ва гузаронида мешаванд. Нахустин чунин ёдбуд ба муносибати 50 - уми солгарди ин овозхони машҳури Шарқ 14 - июни соли 1997 бо ташаббуси овозхонҳои ҷавони тоҷик Фурқати Саид, Парвизи Пӯлодӣ ва журналисти шинохта Муҳаммад Эгамзод баргузор гардид. Он дар кохи "Ваҳдат"-и Душанбешаҳр хеле бошукӯҳ гузашт. Дар он шоирону овозхонҳои тоҷик, пайравони мактаби Аҳмад Зоҳир фаъолона ширкат варзиданд. Акнун ин чорабинӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар сол дар рӯзи таваллуд ва марги Аҳмад Зоҳир дар кишвари мо дӯстдорону алоқамандони Аҳмад Зоҳир ҳатман дар чунин як маҳфиле эҳтиромона ёде аз ӯ мекунанд.

ОҲАНГИ ЗИНДАГӢ ХОНАД
БА ГӮШИ МАН

Моҳи июни соли 2005 дар Кобул бо Ҷавоншери Ҳайдарӣ, коргардон ва ҳунарпешаи филми "Аҳмад Зоҳир - алмоси Шарқ" (номи қаблиаш "Офтоби бегуруб") сӯҳбате

пешина
аз 338
навбатӣ