НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
Маориф пурарзиштарин соҳаест, ки дар равнақу ривоҷи он масъулияти бештареро масъул доштани ҳар як фарди ҷомеа шарти асосӣ мебошад. Дар ин бахш метавон аз тамоми зарфиятҳои зеҳнӣ ба қадри имкон истифода кард, то бошад ки дар пешрафти ин соҳаи афзалиятноки ҷомеаи имрӯза шоистатарин ҳадафҳо ва ормонҳои пазируфтаниро дунболагирӣ намоем. Дар пешорӯи маорифчиён аз паи ду мақсади асосӣ роҳ паймудан вогузор шудааст, ки ин ҳам бошад таълим ва тарбияи насли инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мехоҳем дар хусуси парваришу омӯзиши наврасон андешае чанд рӯи коғаз оварда, фишурдаи мушоҳида ва озмоишҳои хешро бо нияти дар ин ҷода назареро изофа доштани ҳаводорони илми тарбият нуктае афзуда бошем.
Парвариши насли наврас кори сангин ва масъулиятҳост, ки дар ин шева волидон ва омӯзгорон бояд баробар ранҷ ва заҳмат кашанд. Омилҳои ба ташаккулёбии хулқу атвори наврасон кӯмакрасон ва таъсиргузор хеле зиёд аст ва онро дастҷамъона корбаст намудан дар назди мо масъулияти афзунро пеш мегузорад. Хусусан дар мавриде, ки наврас дар боргоҳи маърифат дар ҷустуҷӯи илму маърифат қадам ниҳода бошад, бори ин масъулият пеш аз ҳама ба дӯши омӯзгор меафтад. Аммо хориҷ аз ҳудуди муассисаи таълимӣ тарбият ба зиммаи волидон қарор дорад ва воқеан ҳам вазифаи падару модарон аст, ки парвариши фарзандони худро то ба камол расидани онҳо таҳти назорат дошта бошанд.
Муҳити хонаводагӣ оғозгоҳи тарбияти кӯдак маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин муҳит шахс хулқу хӯи писандида ва ё зиштро ба мерос мегирад. Ин ба он маъност, ки насли калонсол намунаи ибратбахш ба хурдсолон ва ҳамеша мавриди пайравии онҳо мебошанд. Яъне, эҳтироми тарафайн ва муносибати ба аҳли байти худ доштаи волидон дар доираи меъёру қоидаҳои ахлоқӣ сурат бандад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё