Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

ТаҳсилотМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

бузургон ва фаҳм кардану ба кор гирифтани он дар сиришти шогирдон хулқу хӯи накӯро мепарварад. Зеро раҳнамудҳое, ки дар осори пурмояи адибони барӯманди мо нақши худро гузоштаанд, моро ба он водорад, ки дар тарбияи наврасон аз он ганчинаи пурарзиш ба қадри имкон суд бардошта, онро сармашки ҳаррӯзаи худ намуда бошем.

Бояд иқрор шуд, ки шумораи зиёди волидон бо донишҳои педагогӣ мусаллаҳ нестанд ва ҳамкориашон бо мактаб ҳам дар ҳолати ногувор аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи фарзандон робитаи мактабу оила пайванд мегирад. Вале иддае аз волидон бо баҳонаи побанди рӯзгор будан ва фурсати муносиб пайдо накарданд на ҳама вақт аз ҳоли мактабу фарзандони худ бохабар мешаванд. Ҷонибдори он андеша ҳастанд, ки таълиму тарбияи фарзандон танҳо вазифаи омӯзгор асту бас. Аз ин хотир роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, умуман тамоми омӯзгоронро зарур аст, ки диққати падару модарон ва аҳли ҷомеаро ба кори мактаб ҷалб намоянд ва дар роҳи ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарраи мактабу маориф бо ҳамкории тарафҳо кореро ба анҷом расонида тавонанд ва низ бо ҳамбастагии қавӣ дар парваришу тарбияи насли солими ҷомеа ҳиссагузор бошанд.

Ин ҷо, дар ин навишта мо ду андешаи бо ҳам зид, яъне мӯҳтарам доштани шахсияти устод аз ҷониби шогирд ва вазифаношиносии шогирдони дур аз ахлоқро ба қиёс гирифтем ва қазовату натиҷабардорӣ намуданро ба ихтиёри хонандаи бедору ҳушманд ҳавола менамоем.

пешина
аз 54
навбатӣ