Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

Маълуман муассисаи таълимӣ шоистатарин макон дар парвариши ахлоқии насли наврас буда, дар ташаккулёбии симои маънавии ҳар фард нақши бориз ва муфид мебозад. Возеҳан тарбия аз овони тифлӣ дар сиришти инсон парварида мешавад ва зина ба зина такомул мепазирад. Вале мактаб асоситарин маҳалли парвариши арзишҳои ахлоқӣ буда, аз тарбиятгарони ин макони адабомӯз салоҳият ва садоқати хосаро интизор аст.

Дар ин навишта мақсад гузоштаем, ки роҷеъ ба бархе аз назокатҳои одобу рафтори шоиста изҳори андеша намуда, дар мушаххас намудани сифатҳои ахлоқии насли наврас нуктае афзуда бошем. Махсусан перомуни риояи муносибати мӯҳтарамона миёни устоду шогирд, рафтори муҳассилин дар мактаб ва ислоҳи хислатҳои ношоистаи шогирдон сухан ба миён оварда, назар ва пешниҳодоти худро арза медорем.

Шарти аввалини муошират ин қабл аз ҳама ба забон овардани лафзи «салом» ва ҷавоб ба он аст, ки ҳусни тафоҳум ва дӯстдориро меафзояд. Қадри манзалати инсон ҳам аз он пайдо мегардад, ки аз нозукиҳои ин маданияти фарҳангӣ бархурдор бошад. Ба он сабаб, ки ҳикмати салом гуфтан ба ҳамдигар амну сулҳ хостан аст, то кадом андоза дар соҳаи маориф одоби муошират арзёбӣ мегардад ва шеваи барномарезии он ба чӣ тариқ матраҳ меёбад.

Ҷавоб ба ин савол он аст, ки аз рӯи мушоҳидаҳо одоби салом додан ва посух ба он дар ҳар мактаб ба ҳар сурат мавриди истифода қарор дорад. Яъне дар ҷое вожаи «дуруд» дар дигаре «салом» ё «ассалом»-ро ба забон меоранд ва посух ҳам бо ҳамин минвол ироа мешаванд. Дар ин замина бояд дар тамоми мактабҳо низоми муайяне дар амал ҷорӣ бошад. Таъкиди ин нукта ба он маъно, ки дар ин самт вожаи мушаххасро бояд пазируфт, ки мақбули ҳамагон қарор гардад.

Аз ин нуқтаи назар вожаи «ассалому алайкум» ва «ваалайкум ассалом», ки мафҳуми малеҳ ва хушсадост ва маънои комили «оромию осоиш ба шумо!» ва «ба шумо ҳам оромию осоиш!»-ро дорад, қобили пазируфтан мебошад. Ба

пешина
аз 54
навбатӣ