Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Аз масъулияти шахсӣ рӯй гардонда, аксарияти менеҷерҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳатто хатоӣ низ содир менамоянд, ки онро боз ба зердастон ҳавола мекунанд.
-
Менеҷер бояд садди роҳи рушди қобилият ва дониши коргарон нашавад.
-
Ба ҷои тафтиш кардани натиҷаи кор, ба фаҳмиш ва фикрронии коргар таъсир расонидан фоиданоктар аст.
-
Дар ҳолати хатоӣ содир кардан, худро нигоҳ дошта тавонистан.
-
Фаромӯш набояд кард, ки ба даст овардани фоида аз натиҷаи кор чизи зарур аст. Ҳар менеҷер дар гирифтани фоида роли калон мебозад.
-
Ба ҳамаи коргарон муносибати якхела доштан, зеро ҳар коргар тақдир ва шахсияти худро дорад. Ҳар шахс маълумоти муайян ва пайдоиши иҷтимоӣ дорад, дорои хислати хуб, ё бад аст, бинобар ин менеҷер бояд ин нуктаро ҳатман ба ҳисоб гирад.
-
Аз мушкилиҳо наҳаросида диққатро ба мақсади асосӣ равона кардан ниҳоят зарур аст. Ҳар роҳбаре, ки вақти пурқимати худро барои ҳалли масъалаҳои ночиз сарф мекунад, роҳбар шуда наметавонад.
-
Фақат роҳбар будан, на рафиқ. Менеҷер бояд дар назди коллектив масъулияти баланд дошта бошад.
-
Ҳамеша ба қоидаҳои умумӣ риоя кардан. Дақиқан пешбурди кор, иҷрои дурусти он аз тарафи менеҷер. Илова бар он, донистани даромаду хароҷоти корхона ва камбудиҳои дар он ҷо мавҷудбуда кори ӯро беҳтар мекунад.
-
Аз коргар ба таври қатъӣ талаб намудани сифати баланди кор. Менеҷер мақсади истеҳсолиро танҳо бо роҳи беҳтар кардани шароити кор бояд истифода намояд. Маҷбур сохтани коргар ва мутаносибан ҳавасмандкунии моддии онҳо вазифаҳои менеҷер ба шумор меравад.
-
Бепарвой дар фаъолияти корӣ хоси менеҷер нест. Менеҷери кордон дар фаъолияти кории худ бояд ҳамеша барои дигарон намуна бошад.
-
Фақат коргарони беҳтаринро баҳо додан. Бояд кори ҳар коргарро нағз таҳлил карда, ба таври объективӣ ва воқеӣ баҳо диҳад.
-
Бо одамон муносибати якхела доштан. Тарсонидани коргарон ва ба
воҳима андохтани онҳо аз тарафи менеҷер ин ноӯҳдабароист. Менеҷери

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё